СЕЛ ДАР САНГВОР: шарҳи расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 15, 2019 14:00

ДУШАНБЕ, 15.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз сел бахше аз роҳи мошингард ва пулеро дар деҳаи Ёзғанди ноҳияи Сангвор  хароб кард. Ҳоло гурӯҳи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граджании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Муовини аввали Раиси Кумита генерал-майор Рустам Шоҳиён дар минтақаи офатзадаи Сангвор қарор дорад. Дар ин бора шарҳи расмии Кумита ба АМИТ «Ховар» расид, ки дар он омадааст: 

14 июли соли  2019 дар соати 15:30 бар асари боришоти шадид дар ҷамоати Тавилдара, деҳаи Ёзганд, воқеъ дар  километри 47 роҳи мошингарди Лаби Ҷар — Сангвор сел омад, ки бар асари он пул ва роҳи мошингард дар километри 57 хароб гардид.  Ҳамчунин сел қитъаҳои наздиҳавлигии сокинони маҳаллиро пахш кард. Аммо селоб ва лойқа бештар ба заминҳои кишти ҷамоат зарар овард. Ин офати табиӣ қурбонӣ надошт.

Барои ташкили кор ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ гурӯҳи кории Кумита бо сарварии Муовини якуми Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Рустам Шоҳиён ва муовини Вазири нақлиёти кишвар ба минтақаи офатзада рафтанд.  Дар ноҳия барои сари вақт бартараф намудани оқибатҳои сели азим нерӯҳо ва воситаҳои зарурӣ равона карда шуданд.

ДАР АКС: Рустам Назарзода

Раиси  КҲФ ва МГ Рустам Назарзода  дастур дод, ки якҷо бо Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Сангвор ба таври фаврӣ корҳои наҷотдиҳӣ ва бартарафсозӣ  поён дода шаванд.

Дар айни замон корҳои барқарорсозӣ ва бартараф намудани оқибатҳои офат идома доранд. Барои муайян кардани зарари расида Комиссияи ҳолатҳои фавқулода ба кори худ идома медиҳад.

Июль 15, 2019 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд