СЕЛ ДАР САНГВОР: шарҳи расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 15.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз сел бахше аз роҳи мошингард ва пулеро дар деҳаи Ёзғанди ноҳияи Сангвор хароб кард. Ҳоло гурӯҳи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граджании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Муовини аввали Раиси Кумита генерал-майор Рустам Шоҳиён дар минтақаи офатзадаи Сангвор қарор дорад. Дар ин бора шарҳи расмии Кумита ба АМИТ «Ховар» расид, ки дар он омадааст:
14 июли соли 2019 дар соати 15:30 бар асари боришоти шадид дар ҷамоати Тавилдара, деҳаи Ёзганд, воқеъ дар километри 47 роҳи мошингарди Лаби Ҷар — Сангвор сел омад, ки бар асари он пул ва роҳи мошингард дар километри 57 хароб гардид. Ҳамчунин сел қитъаҳои наздиҳавлигии сокинони маҳаллиро пахш кард. Аммо селоб ва лойқа бештар ба заминҳои кишти ҷамоат зарар овард. Ин офати табиӣ қурбонӣ надошт.
Барои ташкили кор ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ гурӯҳи кории Кумита бо сарварии Муовини якуми Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Рустам Шоҳиён ва муовини Вазири нақлиёти кишвар ба минтақаи офатзада рафтанд. Дар ноҳия барои сари вақт бартараф намудани оқибатҳои сели азим нерӯҳо ва воситаҳои зарурӣ равона карда шуданд.
Раиси КҲФ ва МГ Рустам Назарзода дастур дод, ки якҷо бо Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Сангвор ба таври фаврӣ корҳои наҷотдиҳӣ ва бартарафсозӣ поён дода шаванд.
Дар айни замон корҳои барқарорсозӣ ва бартараф намудани оқибатҳои офат идома доранд. Барои муайян кардани зарари расида Комиссияи ҳолатҳои фавқулода ба кори худ идома медиҳад.









Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд






