Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Самарқанд захираҳои сайёҳии мамлакатро муаррифӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 10.07.2019/АМИТ «Ховар»/. Панҷ ширкати сайёҳии Тоҷикистон, назири «Сайру саёҳат», «Ховалинг фриленд эдвенча», «Морхӯр», «Сайру саёҳати кӯҳӣ» ва «Куҳандиз» имконияту захираҳои туристии Тоҷикистонро дар нахустин ярмаркаи сайёҳӣ, ки дар шаҳри қадимию сайёҳии Самарқанд дирӯз оғоз гардид, муаррифӣ менамоянд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» мутахассиси пешбари бахши муносибатҳои байналмилалии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиза Иброҳимова иттилоъ дод.
Нахустин ярмаркаи сайёҳӣ майдони фарохеро барои муаррифӣ ва шинохти иқтидору зарфиятҳои сайёҳии кишварҳои ИДМ, табодули таҷриба ва навгониҳои сайёҳӣ, фаъол гардонидани иртиботот ва муколама байни идораю ширкатҳои сайёҳӣ ва тиҷорати сайёҳӣ фароҳам меорад.
Дар ярмарка ширкатҳои сайёҳии кишварҳои ИДМ маҳсулот ва имкониятҳои сайёҳии кишварҳояшонро ба маърази тамошо мегузоранд. Интизор меравад, ки аз ярмарка роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, намояндагони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии мустақар дар Ӯзбекистон ва намояндагони доираҳои тиҷоратии сайёҳии ИДМ боздид намоянд.
Бояд тазаккур дод, ки нахустин ярмаркаи сайёҳии кишварҳои ИДМ дар доираи баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои сайёҳии кишварҳои ИДМ, ки дирӯз дар шаҳри бостонии Самарқанд оғоз ёфт, гузаронида мешавад.








Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBUILD-2026» ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи саноат густариш медиҳанд
Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони ЮНИСЕФ ва БИР дар доираи Саммити ҷаҳонии зеҳни сунъӣ ва рақамӣ мулоқот намуд






