Сокинони деҳаҳои Ширинчашма ва Полезаки ноҳияи Тоҷикобод бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардиданд

Июль 20, 2019 15:05

ТОҶИКОБОД, 20.07.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Ҷамоати деҳоти Ширинчашмаи ноҳияи Тоҷикобод бо иштироки раиси ноҳия ва меҳмонон маросими мавриди истифода қарор додани хати оби нушокӣ ва хатнасури 15 нафар кӯдак аз оилаҳои камбизоат сурат гирифт. Дар ин бора  корманди ҳукумати ноҳияи Тоҷикобод Дилшод Амирбеков ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар  ҳудуди ҷамоатҳои ноҳияи Тоҷикобод  корҳои созандагию бунёдкорӣ  авҷ гирифта, рӯз аз рӯз шароити зиндагии мардуми деҳот беҳтар мегардад. Аз ҷумла таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ бо дарназардошти  зиёд гардидани аҳолӣ  дар ҷамоати мазкур яке аз мушкилоти  аввалиндараҷа дар ноҳия маҳсуб мегардид.

Имрӯзҳо бо ташаббуси Мақомоти иҷроия дар якҷоягӣ бо соҳибкорони муваффақ ин мушкилӣ то андозае ҳал гардида истодааст. Аз ҷумла, сокинони деҳаҳои Ширинчашма ва Полезак  солҳои охир аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ доштанд.  Хати оби нӯшокӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷалби соҳибкори маҳаллӣ, сокини деҳаи Ширинчашма Холмурод Мираков аз масофаи 6 км кашонида шуда, сокинони деҳаҳои Ширинчашма ва Полезак бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардиданд. Лоиҳаи сохтмони хати оби нӯшокӣ 80 нуқтаро дар бар гирифта, барои 100 хоҷагӣ, яъне зиёда аз 600 нафар аҳолии деҳаҳои мазкур бо харҷи 135 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.

Ҳамчунин дар маросими кушодашавии лоиҳаи  хати оби нӯшокӣ хатнасури 15 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат низ гузаронида шуд.

 

Июль 20, 2019 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон