Тоҷикистон дар вохӯрии 13-уми Гурӯҳи кории Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ оид ба савдо раисӣ намуд
ДУШАНБЕ, 05.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. 4 июл дар доираи семинари сатҳи баланд оид ба савдо дар зерминтақаи Барномаи СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария 13-умин вохӯрии Гурӯҳи корӣ оид ба савдои СПЕКА баргузор гардид. Онро муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода роҳбарӣ намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар ҳамоиш масъалаҳои марбут ба имкониятҳо ва мушкилоти ҳамкорӣ байни кишварҳо, нақшаҳои татбиқшавандаи минтақавӣ, иҷрои муқаррароти Созишномаи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) оид ба содагардонии расмиёти савдо, табодули таҷрибаи давлатҳо, кумакҳои ҳамдигарӣ байни кишварҳои минтақа, таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор, чораҳои ғайритарифӣ ва монеаҳои техникӣ дар савдо, содагардонии расмиёти савдо ва рушди устувори тиҷоратӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
З. Завқизода дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи савдои байналмилалӣ, аз қабили иштироки кишвар дар СУС, содагардонии расмиёти савдо, тақвияти рушди содирот ва тезонидани ҷараёни танаввӯи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда муаррифӣ намуда, зикр кард, ки ҳанӯз имкониятҳои мавҷуда байни давлатҳои аъзои СПЕКА пурра истифода нашудаанд.
Инчунин зимни ҳамоиш бо мақсади таҳким бахшидан ба ҳамкории минбаъда вобаста ба савдо байни кишварҳои аъзои СПЕКА «Стратегияи минтақавии СПЕКА оид ба содагардонии савдо» ва санадҳои дахлдор оид ба савдои байналмилалӣ ва рушди устувор таҳия гардида, барои мувофиқа ба ҳукуматҳои кишварҳои аъзо ирсол гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир роҳбарии Гурӯҳи кории СПЕКА оид ба савдоро ба уҳда дорад.








Мутахасисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид






