Вазорати корҳои дохилӣ: гумонбари оташ задани духтарчаи 6-сола муайян гардид

Июль 4, 2019 09:10

ДУШАНБЕ, 04.07.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Ноболиғ Очилдиев Сунатуллои 13-сола, сокини деҳаи Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ дар оташ задани Осияи 6-сола нақши асосӣ доштааст. Ин матлаб дар иттилоияи сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст.

Тавре қаблан хабар дода будем, 19 июни соли равон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ноболиғ Осия Зулфоноваи 6-сола бо ҷароҳатҳои сӯхтаи бадан дар Беморхонаи шаҳрии №3 бистарӣ гардид.

Чанде пеш  барои табобати ӯ зери назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Федеративии Германия профессори шинохтаи тиб дар соҳаи ҷарроҳиҳои тармимӣ, пластикӣ, эстетикӣ ва бемориҳои сӯхта (комбусталогия), ҳамзамон президенти Ассотсиатсияи ҷарроҳони тармимӣ ва пластикӣ дар Аврупо Эдгар Бимер ба Тоҷикистон омад.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии мамлакат, муайян карда шуд, ки ноболиғ Очилдиев Сунатулло дар оташ задани Осияи 6-сола нақши асосӣ доштааст ва номбурда пеш аз оташ задан бо сагҳояш ҷабрдидаи ноболиғро тарсонидааст.

Дар айни замон ноболиғ Очилдиев Сунатулло, ки дорои бемории фалаҷи майнаи сар ва ноқисулақлӣ мебошад, дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии саломатии равонии кӯдакон ва наврасон» бистарӣ карда шуда, зери назорати табибон қарор дорад ва сагҳои ӯ безарар гардонида шуданд.

Ҳодисаи мазкур дар Прокуратураи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мавриди санҷиш қарор дорад.

Июль 4, 2019 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид