ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Фархор аз ҷониби соҳибкорон 64 иншооти хурд бунёд мешаванд

Август 14, 2019 10:09

ФАРХОР, 14.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Фархор  бахшида ба ҷашни  30- солагии  Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  324 адад  бинову иншоот ба истифода дода мешаванд. Ҳоло дар   аксари иншоот корҳои сохтмонӣ ҷараён дошта, бинокорон талош доранд то  таҷлили ҷашни миллӣ онҳоро мавриди истифода қарор  диҳанд.  Дар  ин бора раиси ноҳияи  Фархор Рустам Раҳматзода иттилоъ  дод.

Ба гуфти номбурда,  тибқи   нақшаи чорабиниҳои  мақомоти   иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия то соли 2021 аз ҳисоби  ҳамаи манбаъҳои  маблағгузорӣ сохтмону навсозии 324 адад  бинову иншоот, аз ҷумла соли 2019 -158 адад, соли 2020 – 79 адад ва соли 2021 36 адад  дар назар дошта шудааст. Соли 2018 дар ноҳия 51 иншоот бунёду навсозӣ шуданд.

Дар айни замон дар 64 иншооти хурди 10 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия корҳои сохтмонӣ идома дошта, аз ҷониби соҳибкорон  ба итмом расонида мешаванд.

Гуфта мешавад, ки то соли 2021 дар ноҳия   сохтмони 11 мактаби нав  барои 7480  хонанда, 56  синфхонаи иловагӣ   барои 1400 ҷои нишаст,  таъмири асосии 2 мактаб ва 2 муассисаи томактабии хусусӣ, 5 майдончаи варзишӣ, 9 адад бунгоҳи тиббӣ, 15 адад коргоҳи дӯзандагӣ, 3 бинои кошонаи ҳусн, 76 мағоза ва марказҳои савдо, навсозии боғи фарҳангӣ, корхонаи коркарди меваю сабзават, 5 чоҳи амудӣ, сохтмону навсозии 2 бозор, 34  сартарошхона, 2 нонвойхона, бунёди 115 гектар боғҳои нав, 2 фермаи парандапарварӣ ва сохтмони  дигар  иншооти  хурду бузург  дар назар дошта шудааст.

 

Август 14, 2019 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид