ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Соҳибкорони Мастчоҳ зиёда аз 15 км роҳҳои байни ҷамоатҳоро асфалтпӯш намуда, беш аз 2 км роҳро аз таъмири ҷорӣ бароварданд
ДУШАНБЕ, 29.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат корҳои сохтмониву ободонӣ бомаром идома доранд. Давоми се соли минбаъда бояд дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишини мамлакат коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасрҳои фарҳанг, бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, пулҳо, марказҳои савдо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд карда шаванд.
Бо ин мақсад ҳоло дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд корҳои сохтмонӣ ҷараён дошта, ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия бунёду навсозии беш аз 535 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ба нақша гирифта шудааст.
Тавре зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини Раиси ноҳияи Мастчоҳ оид ба сохтмон Шавкат Солеҳиён зикр намуд, давоми соли гузашта беш аз 79 иншооти ба шарафи ин ҷашн сохташанда, аз ҷумла иншооти соҳаҳои иҷтимоӣ, хизматрасонӣ, чоҳҳои амудӣ, марказҳои саломатӣ, хонаи хатна барои кӯдакон, муассисаҳои таълимӣ, боғчаи кӯдакон, майдончаҳои варзишӣ, биноҳои маъмурии ҷамоати деҳот, марказҳои савдо, таъмири роҳҳо, кошонаи ҳусн ва ҳаммом ба истифода дода шуданд. Иншооти зикргардида бо сифати баланд сохтаву таъмир гардида, сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд. Аз 210 иншоот дар соли 2019 то имрӯз 91 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шудаанд.
Ба гуфтаи Шавкат Солеҳиён, дар корҳои сохтмонию ободонӣ саҳми бевоситаи мардум ва соҳибкорони маҳаллӣ басо назаррас мебошад. Барои тасдиқи ин суханҳо метавон гуфт, ки моҳи гузашта аз тарафи соҳибкор Наимхон Баҳодуров маркази хизматрасонӣ ва толори варзишӣ ба истифода дода шуд. Маркази хизматрасонии мазкур аз се ошёна иборат буда, бо харҷи беш аз 1 млн. сомонӣ сохта шудааст. Марказ аз 22 нуқтаи хизматрасонӣ: ошхона, дӯкони гӯшт, фурӯшгоҳи либос, пояфзол, атриёт, маҳсулоти заргарӣ, қисмҳои эҳтиётии техникӣ, толори мебел, фурӯши телефон, коргоҳи дӯзандагӣ ва кошонаи ҳусн иборат буда, дар ошёнаи сеюми иншоот толори варзишӣ фаъолият менамояд. Толори мазкур бо технологияи зарурӣ муҷаҳҳаз буда, дар як вақт 25 нафар метавонанд ба машқ фаро гирифта шаванд.
«Аз ҷумла, бо дастгирии раиси ноҳия Ғайрат Азиззода, саҳмгузории соҳибкор, узви фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Фахриддин Зокиров ва фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократӣ дар ноҳияи Мастчоҳ бо тарҳи муосир роҳандозӣ шудааст. Бояд гуфт, ки пойдевори бино аз ҷониби Фахриддин Зокиров бунёд ва сипас тавассути ҳашар ва сарпарастии дигар фаъолони ҳизб деворҳои он бардошта мешавад. Бинои мазкур аз 2 ошёна иборат буда, маблағи лоиҳавии он 500 ҳазор сомониро дар бар мегирад.Тибқи нақша, бояд бинои маъмурии кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ то охири соли равон бунёд ва мавриди истифода қарор дода шавад»,- гуфт номбурда.
Инчунин ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Оймаҳмад Шарипов дар маҳаллаи 40-солагии Дилварзини Ҷамоати деҳоти Палдорак муассисаи томактабӣ бунёд шуда, маблағи он 2 миллион сомониро дар бар мегирад. Муассисаи мазкур аз ду ошёна иборат буда, барои 80 нафар тарбиятгиранда дар як баст пешбинӣ шудааст.
Ҷиҳати таъмири роҳҳо метавон гуфт, ки зиёда аз 15 км роҳҳои байни ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ асфалтпӯш ва беш аз 2 км роҳҳо аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд. Инчунин таҳти роҳбарии раиси ноҳия дар ин самт тадбирҳои муҳим андешида шуда, мумфаршкунии роҳи АХД «Фирдавсӣ» – ДМК дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Оббурдон ба масофаи 500 метр оғоз ёфт. Ҳамаи ин тадбирҳо — ободонии роҳҳо дар доираи татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сурат мегиранд.
Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Мастчоҳ ба истиқболи ин ҷашни миллӣ садҳо иншооти муосир ба истифода дода мешаванд. Аз ҷумла, бунёди Қасри замонавии фарҳанг барои 1000 ҷойи нишаст дар маркази ноҳия – шаҳраки Бӯстон, варзишгоҳи муосири дорои 10 ҳазор ҷой нишаст, Кохи варзишии «Паҳлавонони Суғд», бинои маъмурии шуъбаи маориф қасри фарҳанг дар деҳоти Палдорак аз ҷумлаи иншооти муҳташам ба пешвози ин ҷашнанд.
Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»










Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲИБКОРӢ. Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон беш аз 100 созишнома ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонидааст
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Русия чорабинии тантанавӣ доир шуд
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба таври шукуҳманд таҷлил намуданд
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ТОҶИ ШАЪНУ ЭЪТИБОРАТ, ТОҶИКИСТОН, ЗИНДА БОД! Истиқлоли давлатӣ беҳин дастоварди инсонӣ аст, ки мо шарафманди он гардидаем
Аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Давлати Кувайт ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мегардад
ҲИЗБЕ, КИ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ТАЛОШ НАМУД. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ






