«Амонатбонк» ба фаъолияти хазинаҳои шабонарӯзӣ таҳким бахшидааст
ДУШАНБЕ, 15.08.2019/АМИТ «Ховар»/. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар робита ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ фаъолияти 11 адад хазинаҳои шабонарӯзии худро дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Исфара, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ, ки 24 соат ба аҳолӣ ва сайёҳон хизмати гуногуни бонкӣ мерасонанд, тақвият бахшидааст.
Хусусан барои дастрасии ҳамаҷонибаи мизоҷону сайёҳон ба хизматрасониҳои бонкӣ соли равон 80 адад ва ё 15 фоизи марказҳои хизматрасонии бонкӣ ба шафати роҳҳои байналмилалӣ, дохили марказҳои савдою бозорҳо ва чорроҳаҳо кӯчонида шуданд, ки ин раванд барои самаранокии фаъолият ва муҳайё сохтани шароит ба муштариён замина гузошт.
Бояд тазаккур дод, ки Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар самти афзоиши шумораи филиалҳои хеш бо мақсади боз ҳам дастрас гардонидани хизматрасониҳои бонкӣ ба аҳолӣ ва нигоҳ доштани мавқеяш дар низоми бонкии мамлакат теъдоди марказҳои хизматрасонияшро ба 546 адад расонид.








Ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди ОПЕК дар самти ҳифзи муҳити зист густариш меёбад
Дар Кӯлоб таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Тоҷикистон ва ИМА таъсиси Шурои муштараки кориро баррасӣ намуданд
Дар Павилиони миллии Тоҷикистон дар COP31 чорабинии минтақавӣ баргузор гардид
ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН — РАМЗИ ОЗОДӢ, ШАРАФ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар Душанбе ҳамкории молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуд
Байни сохторҳои мониторинги молиявии Тоҷикистону Русия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар доираи COP31 Тоҷикистон, Умон ва Непал роҳҳои ҳалли мушкилоти обу иқлимро баррасӣ карданд
Соли 2027 дар гузаргоҳи гумрукии ноҳияи Спитамен сохтмон ва насби таҷҳизоти сканкунии борҳо оғоз мегардад
Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё ба таъмини амнияти иқтисодию молиявӣ мусоидат менамояд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди вазирони Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 3,5 кило маснуоти тиллоӣ мусодира карда шуд






