«Амонатбонк» ба фаъолияти хазинаҳои шабонарӯзӣ таҳким бахшидааст

Август 15, 2019 11:54

ДУШАНБЕ, 15.08.2019/АМИТ «Ховар»/. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар робита ба  Солҳои  рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ фаъолияти 11 адад хазинаҳои шабонарӯзии  худро дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Исфара, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ, ки 24 соат ба аҳолӣ ва сайёҳон хизмати гуногуни бонкӣ мерасонанд, тақвият бахшидааст.

Хусусан барои  дастрасии ҳамаҷонибаи  мизоҷону сайёҳон  ба хизматрасониҳои  бонкӣ  соли равон  80 адад ва ё 15 фоизи  марказҳои хизматрасонии бонкӣ  ба шафати  роҳҳои байналмилалӣ, дохили марказҳои савдою бозорҳо ва чорроҳаҳо кӯчонида шуданд, ки ин раванд барои самаранокии фаъолият ва муҳайё  сохтани  шароит ба муштариён замина гузошт.

Бояд тазаккур дод, ки Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Амонатбонк»  дар самти афзоиши шумораи   филиалҳои хеш бо мақсади   боз ҳам дастрас  гардонидани   хизматрасониҳои  бонкӣ ба аҳолӣ  ва нигоҳ доштани мавқеяш дар низоми  бонкии мамлакат теъдоди марказҳои  хизматрасонияшро ба 546 адад расонид.

 

Август 15, 2019 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Дар Хатлон масъалаи таъсиси корхонаи саноатии батареяҳои офтобӣ баррасӣ гардид
Имсол аз Тоҷикистон беш аз 90 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст
Гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури гулобии тоифӣ аз Тоҷикистон ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Вазъи кунунии паркҳои технологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт
«Сомон Эйр» парвозҳои мустақимро дар масири Душанбе-Теҳрон ва Душанбе-Ҷидда барқарор менамояд
Тақвияти ҳамкории доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ гардид