Ба шарафи ҷашни Истиқлолият Иди харбуза ва тарбуз доир мегардад
ДУШАНБЕ, 29.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. 8 сентябри соли равон бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Иди харбуза ва тарбуз доир мегардад.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Зикр шуд, ки иди мазкур бо ташаббуси вазорат ва дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Маҷмааи савдои «Меҳргон» баргузор карда мешавад.
Бино ба иттилои манбаъ, иди мазкур аз оғози моҳи август дар тамоми ноҳияҳои мамлакат баргузор гардида, тарбузу харбузапарварон беҳтарин маҳсулоти худро дар шаҳри Душанбе ба намоиш ва фурӯш мегузоранд.
Ба иттилои Вазорати кишоварзӣ, Иди харбуза ва тарбуз бо мақсади ғанӣ гардонидани дастурхони аҳолӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат доир мегардад.
Бояд гуфт, ки дар шароити Тоҷикистон қариб дар ҳамаи минтақаҳо харбуза парвариш карда мешавад. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 250 навъи харбуза парвариш гардида, навъҳои беҳтарини он харбузаи «амирӣ», «андархонӣ», «аробакаш», «барги най», «оби набот», «гулобии норанҷӣ», «гулобии сабз», «гулобии зард», «сиёҳ», «зартур», «барафшонӣ», «мирзочӯлӣ», «парсилдоқ», «сиёҳпӯчоқ», «ҷӯрақанд», «наботи сафед», «ширинпӯчоқ», «шакарпалак» ва «шакарпора» мебошанд.
Мутахасисони соҳаи тиб харбузаро барои шахсоне, ки ба намуди зоҳирии худ таваҷҷуҳ доранд, тавсия медиҳанд. Зеро дар таркиби он элементи силитсий мавҷуд аст, ки ин микроэлемент ҳолати пӯстро беҳтар намуда, чинҳои рӯй ва доначаҳои рихинакро бартараф мекунад. Инчунин дар таркиби харбуза моддаи «инозит»-ро ошкор намуданд, ки он мӯйи сарро пурқувват ва пурҷило менамояд.
Ҳамчунин олимони Кореяи Ҷанубӣ аз меваи харбуза моддаи ликопинро ҷудо намуданд, ки ин модда ҷараёни пиршавиро нигоҳ дошта, омоси манфии мағзи сарро бартараф менамояд.
Ҳамин ҷиҳати фоидабахши харбуза буд, ки гузаштагони мо онро 5 ҳазор сол пеш парвариш менамуданд.
Тарбуз низ дар баробари харбуза аз ҷиҳати фоидабахши орӣ нест. Дар Мисри қадим 4 ҳазор сол пеш тарбуз чун ғизою даво маълум буд. Яке аз муфидтарин зироати полезӣ ба шумор рафта, миқдори қанд дар таркибаш камтар аст. Фруктозаи таркиби тарбуз ба осонӣ дар организм ҷаббида мешавад.
Табибон тарбузро яке аз воситаҳои беҳтарин барои тозакунии ҷисм аз хилтҳои гуногун мешуморанд. Тарбуз аз магний бой аст. Норасоии магний дар организм боиси баланд шудани фишори хун мегардад. Магний дар якҷоягӣ бо калсий фаъолияти системаи дилу рагҳоро мӯътадил нигоҳ медорад.
Инчунин дар иди мазкур озмун ва мусобиқаҳо гузаронида шуда, ғолибон аз рӯи чор номгӯй муайян гардида, ба онҳо сипосномаю туҳфаҳои хотиравӣ тақдим мегарданд.
Бояд ёдовар шуд, ки дар баробари таҷлили Иди харбуза ва тарбуз дар ин рӯз ҷамъбасти Иди асал низ ба нақша гирифта шудааст, ки дар он навъҳои беҳтарини асали тоҷикӣ ба намоиш ва фурӯш пешниҳод мегарданд.








ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Аъзои хоҷагии деҳқонии «Бобои Ҳақназар» картошкаро ҷамъоварӣ намуда, тарбуз кишт мекунанд
Банкнотаи ҷашнии 100-сомонии Тоҷикистон ба рӯйхати ғолибони ҷоизаи байналмилалии IACA-2026 ворид шуд
Нақшаи пилласупорӣ дар вилояти Хатлон 76,9 фоиз иҷро гардид
Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ Тсюй Дунъюй ба иқтидори кишоварзии Тоҷикистон баҳои баланд дод
Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва ширкати «OG Research» вохӯрӣ намуд
ПУЛИ САРМОЯГУЗОРӢ. Дар чорабинии канорӣ роҳҳои ҷалби захираҳои молиявӣ баррасӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Деваштич дар 7070 гектар картошка кишт карда мешавад
Нигина Анварӣ: «Фонди махсуси навсозии системаҳои ирригатсионии Осиёи Марказӣ ташкил карда шавад»
Олег Кобяков: «Конфронси Душанбе ба таҳияи барномаи нави Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ мусоидат мекунад»
Дар Душанбе оид ба Стратегияи рақамии дигаргунсозии системаҳои агроозуқаворӣ ҷаласа доир шуд
Раймунд Йелле: «Тоҷикистон дар масъалаҳои обу иқлим нақши муҳим дорад»
Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бо намояндагони пешбари ширкатҳои технологии чинӣ вохӯрӣ намуд






