ДАР АРЗҲОИ ДӮСТӢ. Роҳпаймоии автомобилӣ дар Шоҳроҳи бузурги Абрешим-аз Тирмиз то Душанбеву Хоруғ ва Қошғар
ХОРУҒ, 15.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Иштирокдорони роҳпаймоии автомобилие, ки аз шаҳри Тирмизи Ҷумҳурии Ӯзбекистон оғоз ёфта, тавассути шаҳрҳои Душанбею Хоруғ то ба вилояти Қошғари Чин мерасад, ба шаҳри Хоруғ расиданд. Дар дарвозаи шаҳри Хоруғ меҳмононро масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеа истиқбол гирифтанд. Корвони мошинҳо 12 август ба роҳ баромада, баъди се рӯз ба маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон-шаҳри Хоруғ расид.
Сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Қодирӣ гуфт, ки «ҷумҳурии мо аз солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ дарҳои худро ба рӯи ҳамаи давлатҳои ҷаҳон боз кард. Даркушоӣ як хислати хуби ниёгони мо буд, зеро аз дарбандӣ то ҳанӯз касе манфиат набардоштааст. Яке аз ҳадафҳои дурнамои давлати мо, ки Пешвои миллат дар оғози истиқлолияти давлатӣ эълом дошта буданд, ин аз бунбасти коммуникатсионӣ берун овардани Тоҷикистон буд ва сарфи назар аз мушкилоти иқтисодӣ ин ҳадаф ба тадриҷ амалӣ гардид. Ҳоло ҳар касе ё давлате агар бо нияти неку ҳамкории судманди тарафайн озими кишвари мо шавад, чаҳор дарвозаи Тоҷикистон ба рӯяшон боз аст».
Сардори Раёсати Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Аброр Исоев гуфт, ки «ин роҳи автомобилие, ки мо ҳаракат мекунем, як қисми Шоҳроҳи бузурги Абрешим ба шумор меравад. Ин роҳ на танҳо ба беҳбуди ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мардуми Шарқ таъсири амиқ гузошт, балки бо ҳамин роҳ сокинони кишварҳои Аврупо низ аз дастовардҳои улуми тиб, меъморӣ, адабиёт ва фалсафа васеъ баҳра бурдаанд. Мо шодем, ки дар бозкушоии ин роҳи бузург ду давлати ҳамсоя- Тоҷикистону Ӯзбекистон саҳми арзишманд мегузоранд».
Баъди танаффуси кӯтоҳ корвони мошинҳо ҳаракати худро ба самти ноҳияи Мурғоб идома доданд. Пас аз он гузаргоҳи Кулмаро убур карда, вориди хоки Чин мегарданд.
Масире, ки ин корвони мошинҳо давоми як ҳафта тай мекунанд, 1600 километрро дар бар мегирад.









Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Дар Туркманистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид
Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъйини Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдин Зайбон Алӣ Ал-Катбӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо фаъолияти рӯзномаи «The Times Kuwait» шинос шуд






