Дар Душанбе ҷаласаи ҳамоҳангсозии Шӯрои роҳбарони мақомоти тафтишоти молиявии давлатҳои аъзои ИДМ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 19.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тавре мо қаблан иттилоъ дода будем, 23 август дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтишоти молиявии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.
Ҷаласаи навбатӣ ба фаъолияти мақомоти тафтишоти молиявии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои таъмини амнияти иқтисодии кишварҳо, таҳким ва такмили ҳамкорӣ дар заминаи ҳамгироии минбаъдаи иқтисодӣ, чораҳои мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар бахши қарзию молиявӣ ва дигар масъалаҳои соҳаи молиявӣ бахшида мешавад.
Иштирокчиёни ҷаласа пешниҳодҳоро оид ба такмили қонунгузории миллӣ, инчунин ташаббусҳо оид ба рушди заминаи ҳуқуқии ҳамкории байналмилалиро дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои Иттиҳод баррасӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтишоти молиявии кишварҳои аъзои ИДМ соли 2000 бо мақсади ҳамкорӣ дар мубориза бо қонунвайронкунии молиявӣ таъсис дода шуд. Вазифаҳои асосии он табодули иттилоот, таҳияи тавсияҳо ва пешниҳодҳо барои ошкор, пешгирӣ ва рафъи ин ҷиноятҳо мебошанд.
Илова бар ин, Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтишоти молиявии кишварҳои аъзои ИДМ ба такмил ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии давлатҳои Иттиҳод ва таҳияи заминаи ҳуқуқии ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо қонунвайронкуниҳои молиявӣ мусоидат мекунад.
Давлатҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Россия, Ӯзбекистон ва Украина аъзои ваколатдори Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти молиявӣ ба ҳисоб мераванд.








Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем






