Дар Душанбе Фестивал-намоишгоҳи ҳаштуми автомобилҳои коллексионии «Авто-ретро Душанбе» доир мешавад

Август 25, 2019 09:08

ДУШАНБЕ, 25.08.2019. /АМИТ «Ховар»/.  14 сентябр дар шаҳри Душанбе Фестивал-намоишгоҳи ҳаштуми автомобилҳои коллексионии «Авто-ретро Душанбе» баргузор мегардад. Макони баргузории Фестивал-намоишгоҳ  майдони «800-солагии Москва»-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт   муқаррар гардида, он аз соати  15:00 то 21:00 идома меёбад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд,  дар ин хусус қарори дахлдори Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ ба имзо расидааст. Ин Фестивал –намоишгоҳ ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуда, бо мақсади дастгирии ташаббуси ҷомеаи шаҳрвандӣ роҳандозӣ мегардад.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ масъулинро барои дар сатҳи зарурӣ доир намудани Фестивали мазкур вазифадор намуда, дастур додааст, ки дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Намоишгоҳи мазкур аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Иттиҳодияи ҷамъиятии «Клуби дӯстдорони мошинҳои нодиру эксклюзивӣ ва мототсиклҳо» дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор баргузор гардида, дар он мошинҳои қадимии истеҳсоли Иттиҳоди Шӯравӣ, Аврупо ва Амрико ба тамошо гузошта мешаванд.

Дар мақоли кӯҳнае гуфта мешавад: «Ҳар чизи нав қаринаи кӯҳнаест». Мафҳуми «ретро» — ин кӯҳнаи ба мӯд даромада мебошад. Дар Ғарб чунин намоишгоҳҳо-фестивалҳоро «олдтаймер-галлерея» меноманд. «Олдтаймер» калимаи англисӣ буда, «қадима, мошини нодир» тарҷума мешавад ва одатан мошинҳоеро, ки беш аз 30 сол пеш истеҳсол шудаанд, дар назар дорад.

Бинобар ин, меҳмонони намоишгоҳ метавонанд аз тамошои ретро-мошинҳои нодир ва тамошобоби тамғаҳои «Победа», «Москвич», «Волга», «Запарожетс», «Лада», «Volkswagen», «Ford», «Chevrolet» «Pontiac» ва албатта, «Mercedes-Benz», ки дар Ғарб рамзи асосии ҳаракати дӯстдорони олдтаймерҳо маҳсуб мешавад, ҳаловат баранд.

Ёдовар мешавем, ки Нахустин фестивал –намоишгоҳи автомобилҳои коллексионии «Авто ретро Душанбе» 21 апрели соли  2013  дар  Рӯзи пойтахт   дар Душанбе  баргузор шуда буд. Он дар  майдончаи назди роҳи ҳалқавии буриши кӯчаи Карамов ва хиёбони Ҳ.Шерозӣ баргузор гардида буд. Паради автомобилҳои коллексионӣ аз кӯчаи Карамов ба самти хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои С.Айнӣ ва А. Дониши  пойтахт  гузашта буд.

Август 25, 2019 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад