Дар Форуми байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон-2019» беш аз 40 санади ҳамкорӣ ба имзо расиданд

Август 9, 2019 17:42

ДУШАНБЕ, 09.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар фарҷоми Форуми байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон-2019», ки давоми ду рӯз дар шаҳри Душанбе ҷараён гирифт, бештар аз 40 санади ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ ба имзо расиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, ин созишномаҳоро асосан  ниҳодҳои марбутаи сайёҳӣ ва ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои марбутаи байналмилалӣ, мақомоти дахлдори кишварҳои алоҳида ва ширкатҳои сайёҳии хориҷӣ имзо намуданд.

«Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи сайёҳии Анталия  оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии сайёҳии саргузаштӣ ва тиҷоратӣ (ATTA) оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нейшинал Ҷиографии (Британияи Кабир) оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи байналмилалии тиҷоратии сайёҳии Донишгоҳи молиявии назди Ҳукумати Федератсияи Россия  оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ  аз ҷумлаи ҳуҷҷатҳои ба имзорасида мебошанд», — илова намуд манбаъ.

Маврид ба зикр аст, ки маҷмӯи ҳуҷҷатҳои имзошуда паҳлуҳои гуногуни бахши сайёҳиро фаро гирифта, доираи ҳамкории байналмилалиро васеъ мегардонанд. Натиҷаҳо нишон доданд, ки ин гуна форумҳо табодули таҷрибаро дар бахши сайёҳӣ бештар намуда, ҳамзамон имкониятҳои сармоягузориро муаррифӣ месозанд. Доираи ҳамкориро бо кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои марбутаи байналмилалӣ тавсеа мебахшанд.  Ҳамин аст, ки Форуми навбатӣ ҳам барои ба имзо расидани ҳуҷҷатҳои зиёди ҳамкорӣ шароит фароҳам овард.  Умед аст, ки созишномаҳои мазкур робитаҳои хориҷиро дар бахши сайёҳӣ ба сатҳи сифатан хоҳад баровард.

Ҳамчунин, бо назардошти масъалаҳои дар Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ баррасишуда, фикру мулоҳизаҳои иброзгардида ва хулосаҳои ҷамъбастӣ ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, тавсияҳои мушаххаси зерин пешниҳод карда шуданд:

  1. Ҳамкориҳои судманд бо ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ Созмонии ҷаҳонии сайёҳӣ (UNWTO), Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ (WTCF), Машварат ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (CICA), Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), Иттиҳоди давлатҳои мустақил (CIS), Бонки ҷаҳонӣ (WB), Бонкии осиёгии рушд (ADB), Иттиҳоди Аврпуо (EU),   Барномаи ҳамкории  байналмилалии ИМА (USAID), Агнетии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA), Агентии Туркия оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (TICA) ва дигарон дар самти сармоягузориҳо ба рушди нерӯи зеҳнӣ, сармоягузорӣ ба рушди инфрасохтор, мутобиқгардонии маҳсулоти сайёҳии кишвар ба стандартҳои байналмилалӣ, такмили омор, омӯзиши иқтидори сайёҳӣ, таъмини инноватсияи рушди сайёҳӣ, ташкили омӯзишии таҷрибаи хориҷӣ, такмили ихтисос ва омода кардани кадрҳо дар хориҷи кишвар густариш ва тақвият дода мешаванд.
  2. Роҳҳои ҷалби сармоя ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ дар Тоҷикистон пайваста дар форумҳои сармоягузории ватанию хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор дода шавад.
  3. Дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ имкониятҳои бахши хусусӣ ва шарикони рушд самаранок истифода бурда шаванд.
  4. Обҳои шифобахш, гиёҳҳо ва иқтидорҳои табобатии кишвар бо мақсади ҷалби сайёҳони хориҷӣ васеъ тарғибу ташвиқ карда мешавад.
  5. Афзалиятҳо ва бартариятҳои сайёҳии экологӣ дар Тоҷикистон объектҳои сайёҳӣ ва табобатӣ барои инкишофи саёҳат ва солимгардонӣ самаранок истифода бурда шавад.
  6. Бахшҳои ҳунармандӣ эҳё гардида, дар ин самт армуғонҳои ҷолиби сайёҳӣ таҳия ва пешниҳод карда шавад.
  7. Истифодаи самараноки имтиёзҳои андозию гумрукӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва ҳунармандӣ миёни аҳолии кишвар васеъ тарғиб карда шуда, маҳсулотҳои дастӣ ва ҷалби бештари сайёҳон барои харидории маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ таъмин карда шавад.
  8. Роҳҳои афзоиши пешниҳоди маҳсулоти ҳунармандон ба бозорҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла тавассути шабакаи интернет таъмин карда шуда, сифат ва рақобатпазирии маҳсулоти дастии ватанӣ баланд бардошта шавад.
  9. Феҳристи ягонаи субъектҳои фаъолияти ҳунармандии Тоҷикистон таҳия карда шавад.
  10. Дастгирии давлатӣ дар фаъолияти сайёҳӣ ва ҳунармандӣ тавассути имтиёзҳои андозию гумрукӣ бештар ба роҳ монда шавад.
  11. Саҳми шарикони рушд дар пешбурд ва тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, бахусус татбиқи амалии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷоннок карда шавад.
  12. Заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳаи сайёҳӣ ва ҳунармандӣ, марҳила ба марҳила мустаҳкам гардонида шуда, меъёрҳои байналмилалии стандартикунонӣ, сертификатсия ва муосиргардонии сатҳи хизматӣ ҷорӣ карда мешавад.

 

Август 9, 2019 17:42

Хабарҳои дигари ин бахш

РОҲ БА УҚЁНУСИ ҲИНД. Дар Теҳрон ҳайатҳои Тоҷикистон ва Эрон оид ба истифодаи бандари «Чобаҳор» гуфтушунид анҷом доданд
Кишоварзони шаҳри Турсунзода зиёда аз 370 тонна маҳсулоти барвақтии гармхонаҳоро ба аҳолӣ пешниҳод намуданд
Пиетро Салини: «Дар Италия бисёр ширкатҳое ҳастанд, ки мехоҳанд бо Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд»
Тоҷикистон ва Фаронса ҳамкории саноатиро тақвият медиҳанд
Соҳибкорони Тоҷикистон ва Италия ба маблағи зиёда аз 160 миллион доллари амрикоӣ санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Душанбе аз 3 то 5 май Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ баргузор мегардад
Байни Тоҷикистон ва Италия дар соҳаҳои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва саноату технологияҳои нав созишномаҳо ба имзо расиданд
БАТР барои намояндагони бахши молиявии Тоҷикистон даври нахустини дарсҳои маҳорат ташкил намуд
Дар 173 ҳазору 835 гектар майдони корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии Суғд кишти баҳорӣ гузаронида мешавад
Соли 2024 дар Тоҷикистон 5 лоиҳа дар соҳаи роҳу нақлиёт татбиқ карда мешавад
Тоҷикистон ва Хазинаи Авруосиёии субот ва рушд лоиҳаи тавсеаи буҷети барномавиро оғоз менамоянд
Ширкатҳои Ҳиндустон ба истеҳсоли молу маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуданд