Дар Хуҷанд бинои нави шуъбаи нурафканӣ ба истифода дода шуд
ХУҶАНД, 23.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази саратоншиносии маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд бинои нави шуъбаи нурафканӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар вилояти Суғд Абдуаҳад Шарифзода, бинои нави шуъбаи нурафкании Маркази саратоншиносии вилоят бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳаҷми беш аз 5 миллион сомонӣ бунёд гардидааст. Ҳамзамон дар он бо дастгирии Агентии байналмилалии неруи атомӣ ба маблағи зиёда аз 2 миллион доллари амрикоӣ таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла дастгоҳи нурафкании «ТЕРАБАЛТ» насб гардид.
Гуфта машавад, ки бунёд ва таҷҳизонидани шуъбаи нурафкании Маркази саратоншиносӣ бо технологияи муосири тиббӣ имкон медиҳад, ки дар оянда беморон дар дохили вилоят табобат гиранд.
Пас аз маросими расмӣ бо иштироки роҳбарону фаъолон ва меҳмонон дар саҳни Маркази саратоншиносӣ парда аз рӯи муҷассамаи аллома Абӯалӣ ибни Сино бардошта шуд. Муҷассамаи алломаи машриқзамин бо ташаббуси маъмурияти марказ ва дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бунёд гардидааст.








Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






