Дар нимсолаи якум иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 98,6% таъмин гардид
ДУШАНБЕ, 3.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар нимсолаи якум нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 98,6% таъмин гардида, ба ҷойи 5 млрд. 546,7 млн. сомонии пешбинишуда ба буҷети давлатӣ 5 466,7 млн. сомонӣ ворид карда шуд. Ин нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 80,0 млн. сомонӣ кам, аммо нисбат ба маблағҳои дар ҳамин давраи соли гузашта ҷамъоваригардида 416,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Ин нуктаро дирӯз муовини аввали Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбҷон Солеҳзода зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт.
«Сабабҳои дар ин давра таъмин нагардидани иҷрои нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷети давлатӣ- ин нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда нокифоя афзоиш ёфтани манбаъҳои андозбандӣ дар як зумра корхонаҳои калон, коҳиш ёфтани даромади ширкатҳои мобилӣ бо сабаби кам шудани манбаъҳои андозбандӣ аз ҳисоби хизматрасониҳои овозии байналмилалӣ ва ба танзим дароварда нашудани хизматрасониҳои телематикӣ, инчунин аз ҷониби як қатор корхонаҳо пурра ва сари вақт пардохт нашудани маблағи андозҳои ҳисобшуда ва дигар омилҳо вобаста мебошад»,-гуфт муовини аввали Раиси Кумитаи андоз.
Ба маълумоти номбурда, дар давраи ҳисоботӣ иҷрои нақшаи андозҳо ва пардохтҳо дар ВМКБ 107,0%, вилояти Хатлон – 102,6%, Суғд – 102,4% ва шаҳри Душанбе – 100,9% таъмин карда шуд.
Бақияи қарзи андозҳо ва пардохтҳо ба ҳолати 1 июли соли 2019 маблағи 699,0 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба 1 январи соли 2019 ба андозаи 27,0 млн. сомонӣ кам мебошад. Бо мақсади рӯёнидани маблағи бақияи қарзи андозҳо дар ин давра аз тарафи мақомоти андоз нисбат ба 3650 нафар андозсупорандагони қарздор зиёда аз 4900 адад қарор дар бораи маҷбуран ситонидани андозҳо ба маблағи 455,0 млн. сомонӣ қабул гардида, аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби қарорҳои соли 2018 қабулгардида дар маҷмӯъ ба буҷет 341,0 млн. сомонӣ ворид карда шуд.
Дар шашмоҳаи якум нисбат ба фаъолияти 880 нафар шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ санҷиши риояи қонунгузории андоз гузаронида шуда, ба маблағи 240,0 млн. сомонӣ кам ҳисоб кардан ва пинҳонкунии андозҳо ошкор гардида, аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби маблағҳои дар солҳои қаблӣ ошкоршуда дар маҷмӯъ ба буҷет 254,5 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки бо назардошти дар доираи қонунгузорӣ дар бораи мораторий ба танзим дароварда шудани санҷишҳо дар соҳаи истеҳсолӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 109,0 млн. сомонӣ кам мебошад.
Аюбҷон Солеҳзода зикр кард, ки «дар нимсолаи аввал зиёда аз 12790 ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳо ошкор ва шахсони дахлдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, нисбат ба онҳо ба маблағи умумии 82,7 млн. сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ гардида, аз ин ҳисоб ба буҷети ҷумҳуриявӣ 64,2 млн. сомонӣ маблағҳо ворид карда шуд».








Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд






