Дар шаҳри Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест-2019» идома дорад
ХОРУҒ, 07.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. 6 августи соли 2019 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест — 2019» ба кор оғоз кард.
Дар Форуми мазкур беш аз 150 нафар сармоягузорону соҳибкорон, аз ҷумла роҳбарону масъулони мақомоти давлатӣ, сармоягузорон аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, як гурӯҳи соҳибкорон аз шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Суғду Хатлон иштирок доранд.
Муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Аҳмадзода Орзу, муовини Вазири молия Карим Гулмуродзода, муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ширин Амонзода, роҳбари намояндагии Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов ва директори генералии ширкати «Помирэнерҷӣ» Далер Ҷумаев ба таври мухтасар дар бораи мақсади форуми мазкур, имконияту захираҳои иқтисодии вилоят ба аҳли нишаст маълумот ироа намуданд.
Баъд аз он муовини директори генералии «Тоҷинвест» –и назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Ҷавоҳирлаъл Музаффарӣ гурӯҳҳои сармоягузорӣ ва соҳибкории В2Вро муаррифӣ кард.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон диққати сармоягузорону соҳибкоронро ба имкониятҳои сармоягузорӣ дар вилоят ҷалб намуда, оид ба самтҳо ва имкониятҳои мавҷудаи ҳамкорӣ ва ҳалли мушкилоти вобаста ба пешбурди фаъолияти сармоягузорию соҳибкорӣ дар вилоят ибрози ақида намуд.
Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Орзу Аҳмадзода доир ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти беҳтар гардонидани фазои сармоягузорию соҳибкорӣ, инчунин самтҳои дурнамои ҳамкорӣ изҳори ақида намуд.
Ҳамзамон дар доираи Форуми мазкур молу маҳсулоти хом ва тавлидотии соҳибкорони маҳаллӣ ба намоиш гузошта шуд. Иштирокчиёни форум дар лаҳзаи танаффус дар бораи имкониятҳои сармоягузории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, манзараву мавзеъҳои ҷолиби ин минтақа филми кӯтоҳ тамошо карданд.
Баъдан иштирокчиёни форум ба се гурӯҳи алоҳида ҷудо шуда, дар атрофи мавзӯъҳои «Роҳҳо ва усулҳои такмили сиёсати давлатӣ дар самти сармоягузориву соҳибкорӣ дар ВМКБ», «Минтақаҳои озоди иқтисодӣ- ҳамчун омили суръатбахши саноатикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Имкониятҳои рушди соҳибкорӣ дар бахши сайёҳӣ ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ» баҳсу мунозира карданд.
Дар доираи мулоқоти В2В соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ имкониятҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиро матраҳ намуда, барои ҳарчӣ зудтар амалӣ намудани нақшаҳояшон назару андешаҳои худро ба миён гузоштанд.
Форум имрӯз низ идома ёфта, баъди муҳокимаи ҳамаҷонибаи масъалаҳо дар поёни кори он соҳибкорону сармоягузорон санадҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест–2019» ҳамчунин баргузории як зумра чорабиниҳои дигар, аз ҷумла шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии вилоят ва боздид аз корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ ба назар гирифта шудааст.









Аз Тоҷикистон ба маблағи 1,8 миллион доллар олуболу ва гелос содирот шудааст
«Амонатбонк» ба 143 муштарӣ дар ҳаҷми 8,5 миллион сомонӣ қарзи ипотекӣ пешниҳод намуд
Беш аз 20 намуди сайёҳӣ дар Тоҷикистон рушд дода мешавад
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавонмандсозии ҷавонон ва рушди ҳамкории Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуданд
«Амонатбонк» ба муштариён хизматрасонии нави қарзии рақамии онлайнӣ пешниҳод намуд
Аз ҷониби намояндагии Тоҷикистон дар СММ чорабинии канорӣ оид ба ҳамкории зеҳни сунъӣ барои рушди устувор доир шуд
Тоҷикистон ва Покистон дар Ню-Йорк чорабинии сатҳи баланд оид ба зеҳни сунъӣ ва рушди устувор баргузор намуданд
Афзалияти рушди устувори Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди ECOSOC муаррифӣ гардид
Дороиҳои «Амонатбонк» 13 миллиард сомониро ташкил дода, сармояи бонк ба 1,2 миллиард сомонӣ расидааст
Дар Женева ҷаласаи 68-уми Ассамблеяи давлатҳои аъзои СУМЗ баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми байналмилалии саноати хӯрокворӣ баргузор мегардад
Дар Шанхай Форуми иқтисодию тиҷоратии вилояти Суғди Тоҷикистон доир шуд






