Дар Теҳрон ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар соҳаҳои барқу об, ҳамлу нақл ва роҳсозӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 09.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Теҳрон Сафири Ҷумҳури Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Вазири неруи Эрон ва раиси Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон Ризо Ардакониён мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Эронро дар соҳаи барқ ва об мавриди баррасӣ қарор дода, зарурати ҳамкории ҷонибҳоро дар анҷоми корҳои боқимонда дар нақби «Истиқлол» зикр намуданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба омодагӣ ба баргузории ҷаласаи 13-уми қарибулвуқӯи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву фарҳангӣ байни Тоҷикистону Эрон табодули назар намуда, аҳаммияти ҷаласаи мазкурро дар таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд таъкид карданд.
Ҳамчунин 6 август дар Теҳрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Вазири роҳу шаҳрсозии Эрон Муҳаммад Исломӣ мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар соҳаҳои ҳамлу нақл ва роҳсозӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, нақши татбиқи лоиҳаҳои мушаххас ҷиҳати пайвастани ду кишвар аз тариқи роҳҳои ҳавоӣ ва заминӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Дар ин росто ҷонибҳо роҳандозии парвозҳо дар хатсайри Машҳад-Душанбе-Машҳадро омили мусбати рушди робитаҳои дуҷониба унвон карда, зарурати барқарории парвозҳоро миёни пойтахтҳои ду кишвар таъкид карданд.
Ҳамчунин доир ба истифодаи имкониятҳои бандари Чобаҳор дар густариши содироту воридоти молу маҳсулот дар минтақа табодули назар сурат гирифт.








Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд






