ДУШАНБЕ БА СИМОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН ТАБДИЛ ДОДА МЕШАВАД. Бо қарори Рустами Эмомалӣ нақшаи тадбирҳо ҷиҳати амалигардонии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2019-2022 тасдиқ гардид

Август 9, 2019 11:37

ДУШАНБЕ, 09.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати амалигардонии  Стратегияи рушди сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе   барои солҳои 2019-2022 тасдиқ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Гуфта мешавад, ки  Стратегияи рушди сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе   барои солҳои 2019-2022 бо мақсади  амалисозии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул карда шудааст.   Раиси шаҳр бо қарори нави худ  масъулинро вазифадор кард, ки ҷиҳати амалигардонии Стратегияи мазкур  дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷети шаҳр,  бо ҷалби сармоя ва маблағҳои грантӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Тибқи иттилои манбаъ, тадбирҳои мазкур   бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2019 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ дар пойтахти мамлакат  андешида  мешавад.

Дар ин замина, Рустами Эмомалӣ  Сарраёсати молияи шаҳри Душанберо муваззаф намуд, ки  маблағҳои  барои чорабиниҳои мазкур сарфшавандаро  ҳангоми таҳияи буҷети соли 2020 ва солҳои минбаъда дар буҷети шаҳр  пешбинӣ намояд.

Дар қарори зикршуда омадааст, ки   шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  1 декабри ҳар сол дар бораи ҷараёни иҷрои чорабиниҳои мазкур ба Раиси шаҳри Душанбе маълумот пешниҳод намояд.

Хотиррасон мешавем, ки дар пойтахти мамлакат бо мақсади рушди сайёҳӣ ва баҳри ба шаҳри  сайёҳон  табдил додани Душанбе як зумра  тадбирҳои муассир андешида мешаванд. Аз ҷумла, давоми ду соли оянда бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 9 меҳмонхонаи замонавӣ бо 630 ҳуҷра барои қабули беш аз 1000 нафар дар як вақт пешбинӣ   гардидааст. Тавре муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода зикр кард, дар назар аст, ки 4 сентябри соли равон ба сохтмони ин меҳмонхонаҳо оғози расмӣ бахшида шавад. Аз 9 меҳмонхонаи бунёдшаванда 5-тои он дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, 3-тояш дар ноҳияи Фирдавсӣ ва 1-тои он дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сохта мешаванд.

Меҳмонхонаи «Дипломат» яке аз онҳост,  ки  дар заминаи бино ва иншооти фарсуда дар кӯчаи Бохтар №3, ноҳияи Исмоили Сомонии  шаҳри Душанбе бунёд мегардад.

Меҳмонхонаи мазкур аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рушди Осиё» бунёд гардида, дорои таваққуфгоҳи зеризаминӣ, маркази савдо, тарабхона, ҳавзи шиноварӣ, маҷлисгоҳ ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ мебошад.

«Дипломат» дар маҷмӯъ аз 80 ҳуҷра, аз ҷумла 40 ҳуҷраи стандарт,  19 люкс, 20 нимлюкс ва як ҳуҷраи президентӣ иборат мебошад.

Ҳамчунин Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элит-стройсервис» бинои бисёрҷабҳаи серошёна, аз ҷумла меҳмонхонаи панҷситорадорро дар кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур бунёд менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Себистон-2018» мехмонхонаи замонавии «Grand RudakITower»-ро дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи  Исмоили  Сомонӣ, инчунин дигар ширкатҳои ватанӣ дар пойтахти ҷумҳурӣ  меҳмонхонаҳои муосири ҳозиразамонро бо сифати баланд ва дизайни  миллӣ бунёд хоҳанд кард.

Ҳамаи меҳмонхонаҳои бунёдшаванда, бо инобати талаботи байналмилалии соҳа бо дараҷаи 4 ва 5-ситорадор сохта мешаванд.

Меҳмонхонаҳои бунёдшаванда баландошёна буда, аз утоқҳои стандарт, люкс, нимлюкс ва апартамент иборат мебошанд ва бо инфрасохтори зеризаминӣ, аз қабили марказҳои савдову хизматрасонӣ, тарабхона, ҳавзи шиноварӣ, маҷлисгоҳ, марказҳои варзишиву дилхушӣ, ҳуҷраи тиббӣ, ҳаммом, толори  синамо, таваққуфгоҳҳои зеризаминӣ муҷаҳҳаз мебошанд».

Мавриди зикр аст, ки 11 июл дар Қасри миллат бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ муаррифии лоиҳаи бунёди 9 меҳмонхонаи нав дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Баъди шиносоӣ бо тарҳи лоиҳаи 9 меҳмонхонаи нав Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми шоиста ва сазовори сокинони пойтахт, соҳибкорони ватандӯст баҳри ободонии пойтахти мамлакат баҳои баланд дода, онҳоро ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, риояи талаботи меъёрҳои миллӣ, истифодаи санъати баланди меъморӣ, нақшу нигори миллӣ дар вақти ороишоти дохил ва беруни иншоот, истифодаи масолеҳи хушсифати сохтмонӣ, аз қабили сангҳои ороишӣ, аз ҳозир тайёр кардани кадрҳои болаёқати хизматрасон, таъсиси гӯшаҳои фурӯши молу маҳсулоти ҳунарҳои миллӣ ва дигар корҳои ободонӣ ҳидоят карданд.

Дар ин зимн, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  таъкид намуданд, ки «мо метавонем бори дигар фарҳанги баланди тамаддунофарии миллатамон, неъматҳои моддӣ ва маънавии сарзамини аҷдодиро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем».

Ҳамчунин чанд рӯз қабл нахустин бор дар таърихи Тоҷикистон дар кӯчаҳои пойтахт автобуси дуошёна ба ҳаракат даромад. Автобуси мазкур дар Корхонаи муштараки тоҷикӣ-туркии «AKIA AVESTO» истеҳсол мешавад, ки он 14 феврали соли 2018 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ гардида буд.

Дар ин бора  Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода чунин иброз дошт: «Тавре дар барномаи рушди сайёҳӣ дар назар дошта шудааст, автобусҳои дуошёнаи «AKIA» дар хатсайри махсусе ҳаракат хоҳанд кард, ки дар он мавзеъҳои ҷолиби таърихиву фарҳангии Душанбе ҷойгиранд».

Мавсуф дар идомаи суҳбат илова намуд, ки «мақсади мо баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба сайёҳонест, ки  ба Душанбе ташриф меоранд ва   наздик намудани сатҳи ин хизматрасонӣ  ба сатҳи Лондон, Париж, Мадрид, Токио ва дигар шаҳрҳои бузург аст».

Бояд илова намуд, ки бо мақсади муаррифӣ намудани шаҳри Душанбе ҳамчун симои сайёҳии мамлакат дар шаҳр барномаҳои гуногуни фарҳангӣ низ баргузор мегарданд. Аз ҷумла,  17-18 август дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт Фестивали тобистонаи Душанбе  баргузор мешавад.

Август 9, 2019 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷмааи фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» дари худро ба рӯйи сокинону сайёҳон боз намуд
Сайёҳон бештар ба тамошои ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон мароқ зоҳир менамоянд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба сиёсати сайёҳӣ иштирок намуд
Рустами Эмомалӣ сокинони шаҳри Душанберо ба муносибати Рӯзи пойтахт табрик намуданд
Ғолибон ва ҷоизадорони Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе муайян шуданд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад