«Energy.media»: Ба кор даромадани НБО «Роғун» имкон дод, ки Тоҷикистон дар истеҳсоли неруи барқ рекорд нишон диҳад
ДУШАНБЕ, 01.08.2019./АМИТ «Ховар»/. Соли сипаригардида дар Тоҷикистон ҳаҷми рекордии истеҳсоли неруи барқ дар таърихи мамлакат ба қайд гирифта шуда, он зиёда аз 19,7 млрд кВт.соатро ташкил дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба портали байналмилалии иттилоотӣ-соҳавии «Eenergy.media» хабар медиҳад.
Ба иттилои «Energy.media», НБО «Роғун» дар якуним моҳи фаъолият дар ҳаҷми се маротиба зиёдтар нисбат ба тамоми неругоҳҳои барқи обии хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 неруи барқ истеҳсол намудааст.
«Дар Тоҷикистон 286 неругоҳи барқи обии хурд бо иқтидори 26,7 мегаватт фаъолият мекунанд. Ин неругоҳҳо соли гузашта беш аз 33 миллион кВт-соат неруи барқ истеҳсол намуданд»,- хабар медиҳад портали мазкур бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аввалин агрегати НБО «Роғун», ки 16 ноябри соли 2018 ба истифода дода шуд, то 1 январи соли 2019 90,3 миллион кВт-соат неруи барқ истеҳсол намуд.
Ба иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои об, соли сипаригардида дар Тоҷикистон маҷмӯан ҳаҷми рекордии истеҳсоли неруи барқ дар таърихи мамлакат ба қайд гирифта шуда, он ба зиёда аз 19,7 млрд кВт.соат расид.
Соли 2018 истеҳсоли неруи барқ дар ниҳодҳои тобеи «Барқи тоҷик» ба зиёда аз 16,2 млрд кВт.соат расид, ки аз ин бештар аз 2,4 млрд. кВт.соат ба НБО «Сангтўда-1», 826,4 млн. кВт. соат ба НБО «Сангтўда-2» ва 184 млн. кВт. соат ба ширкати «Помир-Энерҷӣ» рост меоянд.
Зимнан, истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, тӯли солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар ин самт яқ зумра тадбирҳои муҳим андешида шуданд. Маҳз бо талошу роҳнамоиҳои пайваста ва сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакат барои расидан ба ин ҳадафи стратегии худ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Бешак, метавон гуфт, ки маҳз НБО «Роғун» метавонад барои расидан ба ин ҳадафи олӣ имконият фароҳам оварад.
Тавре Сарвари давлат зимни яке аз суханрониҳои худ иброз доштанд: «Нури «Роғун» дастраси ҳар як хонадони мардуми Тоҷикистон гашта, барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ қадами ниҳоӣ гузошта мешавад».
Ёдовар мешавем, ки агрегати нахустини НБО «Роғун» дар навбати аввал бо иқтидори истеҳсолии 100 МВт фаъолият намуда, бо зина ба зина бо боло рафтани сатҳи об дар обанбор ин иқтидор ба нишондоди лоиҳавӣ – 600 МВт мерасад. Дар назар аст, ки ин рӯйдод соли 2033 ба амал ояд.








Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд






