Филми нави Носир Саидов таҳти унвони «Роҳ» ба навор гирифта шуд

Август 26, 2019 09:00

ДУШАНБЕ, 26.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Коргардони шинохтаи тоҷик Носир Саидов филми навбатии худро бо номи «Роҳ» рӯйи навор овард. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» иттилоъ доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, муаллифи филмнома Сафар Ҳақдодов буда, муҳтавои он дар бораи рӯзгори бонувоне қисса мекунад, ки баъди адои ҷазои тӯлонӣ аз маҳбас баромадаанд.

Зикр карда шуд, ки  қаҳрамонҳои асоси филми «Роҳ» заноне ҳастанд, ки бо ҷурмҳои мухталиф паси панҷара нишастаанд ва ҷомеа нисбат ба занони маҳбусбуда чӣ бархурд нишон медиҳад. Зеро дар ҷомеаи мо барои мардум маҳбусӣ шудани зан як даҳшат ҳисобида мешавад. Барои бинанда зиндагии минбаъдаи ин гуна занон муаммост.

Дар   филм  нақшҳои асосиро ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ Зулфия Содиқова, Мавлона Наҷмиддинова, Ниссо Муҳаммадҷонова, Аловуддин Абдуллоев ва Абдукарим Машрабов бозидаанд.

Алексей Мячиков, ки тӯли чанд сол аст бо коргардон Носир Саидов ҳамкорӣ дошта, дар филмҳои «Муаллим» ва «Оинаи беҷило» чун коргардони дуюм ифои вазифа намудааст, мегӯяд, ки «мушкили рақами як барои филмофарон- ин пайдо кардани ҳунармандони нав дар мамлакат аст. Зеро яке аз меъёрҳои мавҷуда дар филм пайдо кардани чеҳраи нав мебошад. Хушбахтона, мо кӯшиш намудем, ки дар филми «Роҳ» бо дарназардошти омилҳои мавҷуда чеҳраҳои навро интихоб намоем. Ба монанди ҳунармандони ҷавон Мунира Зоирова ва Ҷовидон Маҳмадов, ки дар Россия мактаби ҳунарпешагиро хонда, имрӯз   барои нақш офаридан ба кино ҷалб шудаанд».

Зикр гардид, ки   дар баробари Алексей  Мячиков барои офаридани филми «Роҳ»  Александр Голупсов ва Татяна Помисова низ барои сабти овоз ва пардозгарӣ аз шаҳри Москва даъват шудаанд. Онҳо  бори аввал аст, ки бо филмофарони тоҷик ҳамкорӣ мекунанд.

Бояд гуфт, ки муаллифи филмномаи «Роҳ» Сафар Ҳақдодов, коргардон Носир Саидов, наворбардор Георгий Дзалаев буда, филм дар вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе наворбардорӣ шудааст. Оҳангсози филми мазкур Далер Назаров буда, тадвингари он Диловар Султонӣ мебошад.

Аксҳо аз ҷараёни наворгирии филми ҳунарии «Роҳ».

Август 26, 2019 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард
«Эмомалӣ Раҳмон — муаррифгари таърихи ниёгон ва тамаддуни навини тоҷикон». Таҳти ин унвон китоб ба нашр расид