ФУРӮШИ МАҲСУЛОТ БЕ МИЁНАРАВ. Дар шаҳри Хоруғ «Гӯшаи деҳқон» ташкил карда шуд

Август 29, 2019 10:39

ХОРУҒ, 29.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастури мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як гӯшаи  бозори марказии шаҳри Хоруғ ба ихтиёри деҳқонони ноҳияҳои вилоят  гузошта шуд. Сардори Раёсати кишоварзии вилоят Абдуласан Мамадасанов гуфт, ки «қаблан деҳқонон дар бозор ҷои муайян надоштанд ва аз ин рӯ маҷбур мешуданд, ки маҳсулоти худро бо нархи арзон ба миёнравон фурӯшанд. Ҳамин тавр маҳсулот аз даст ба даст гузашта, қимати он низ боло мерафт. Таъсис додани «Гӯшаи деҳқон» ба манфиати ҳам харидорон ва ҳам деҳқонон аст».

Як тан деҳқон аз ноҳияи Шуғнон Соҳибқадам Некқадамов,   ки маҳсулоти худро ҳамагӣ дар муддати як соат фурӯхтааст, изҳор медорад, ки «ман шахсан ҷиҳати ҷудо кардани макони махсус барои деҳқонон ба раиси шаҳр муроҷиат намудам ва имрӯз ин орзӯи мо амалӣ гашт. Ин тадбир ба танзими нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар саросари бозор таъсири худро мерасонад. Баъди ин амал дар дигар дӯкону  мағозаҳо низ нарх ба тадриҷ паст мешавад».

Дар ин гӯша ҳамчунин деҳқонон аз вилоятҳои Суғду Хатлон ҳам маҳсулоти худро мустақиман ба харидорон пешниҳод мекунанд. Аҳрор Ғафуров, сокини вилояти Суғд гуфт, ки «ин бор ман ба бозори шаҳри Хоруғ кишмиш овардам. Нархи он дар дӯкону бозорҳои шаҳр  30 сомонӣ аст, аммо ман маҳсулоти худро бо нархи 24 сомонӣ фурӯхтам».

Сардори Раёсати кишоварзии вилоят иброз намуд, ки «теъдоди деҳқононе, ки  мехоҳанд маҳсулоти худро бидуни миёнарав ба фурӯш бароранд, рӯз аз рӯз зиёд мегардад. Аз ин рӯ масъулин тасмим гирифтаанд, ки   ҳафтаи оянда масоҳати «Гӯшаи деҳқон»-ро боз ҳам васеътар кунанд. Мақсади мо ин аст, ки ҳамаи сокинони шаҳр барои захираи меваю сабзавот дар фасли зимистон имконияти баробар  дошта бошанд».

Август 29, 2019 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд