ГӮШТ ДАР БОЗОРҲО ФАРОВОН ВА АРЗОН ХОҲАД ШУД. Дар Тоҷикистон воридоти чорво ва хӯроки он аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод гардидааст

Август 21, 2019 11:02

ДУШАНБЕ, 21.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор ба тасвиб  расонид, ки тибқи он аз 1 августи соли равон воридоти чорво ва хӯроки чорво  аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод гардид.

Ҳадафи ин қарор ба эътидол овардани нархи гӯшт дар бозори мамлакат ва қонеъ гардонидани талаботи бозори истеъмолӣ бо ин намуди маҳсулот мебошад.     Дар назар дошта шудааст, ки ҳамзамон   паҳншавии бемориҳои хатарноки ҳайвонот тавассути чорвои воридшаванда ва воридшавии гӯшту маҳсулоти гӯштии пастсифат ба ҷумҳурӣ қатъиян пешгирӣ  карда мешавад.

Тибқи қарори мазкур, мақомоти дахлдор бояд барои қонеъ гардонидани талаботи бозори истеъмолии дохилӣ бо гӯшт бо сохторҳои  дахлдори ҷумҳуриҳои  Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон ҳамкориро бештар намоянд.

Тавре муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Мусозода иброз дошт, “тибқи ин қарор воридоти чорво ва маҳсулоти хӯроки чорво (комбикорм) аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шудааст. Аз ин рӯ Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ вобаста ба ин масъала   тадбирҳои зарурӣ амалӣ намуда истодааст”.

Муовини Вазир ҳамчунин иброз дошт, ки баъди ба тасвиб расидани ин қарор  аз ҳудуди ҷумҳурӣ берун баровардани чорвои зинда тавассути сарҳади давлатӣ ва гузаргоҳҳои гумрукӣ пешгирӣ гардида, дар сурати рух додани ин ҳолат тадбирҳои қатъӣ андешида мешаванд.

Дар ҷумҳурӣ вобаста ба ҳолатҳои ғайриқонунии нигоҳ доштани чорво ва забҳи он дар дӯконҳои гӯштфурӯшӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст. Фаъолияти гурӯҳи мазкур дар доираи қонунгузории амалкунанда ба  бартараф кардани камбудиҳои ошкоргардида ва ба тартиб даровардани масъалаи зикршуда равона гардидааст.

Тибқи қарори мазкур мақомоти дахлдор вазифадор карда шудаанд, ки дар маҳаллаҳои сераҳолии шаҳри Душанбе растаю дӯконҳои  гӯштфурӯшии ҷавобгӯй ба меъёрҳои муқарраршуда ва талаботи санитарию гигиенӣ таъсис дода, инчунин  дар мағозаҳо фурӯши гӯшт ба таври васеъ ба роҳ монда шавад.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, дар ҷумҳурӣ соли равон  истеҳсоли гӯшт 73  ҳазору 996 тоннаро ташкил додааст.

                                                                    АКС: © EPA/SRDJAN SUKI. Акс аз бойгонӣ

Август 21, 2019 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Душанбе мизбони Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ — «AI ALLEY» мегардад
Аз шаҳри Турсунзода ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат беш аз 70 ҳазор тонна маҳсулот содирот гардид
Ниҳодҳои олии аудити Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар даҳ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ беш аз 3 баробар зиёд гардидааст
Мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Зафаробод оғоз гардид
Бонки Осиёии Рушд механизми маблағгузории таҷдиди марзҳо ва мусоидат ба тиҷорат дар минтақаи ҲИМОМ-ро тасдиқ намуд
Рушди молияи давлатӣ: аз ташаккули низоми мустақили молиявӣ то идоракунии рақамии буҷет
Дар доираи татбиқи лоиҳаи озмоишӣ платформаи рақамӣ таҳия мегардад
Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкориро дар соҳаи саноат тақвият медиҳанд
Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ мулоқот намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД. Барои ҷомеаи муосири мо ин се даҳсола асри таҳаввулоти ҷиддии фикрӣ, технологӣ ва менеҷмент ба шумор меравад
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Дар Бадахшон иқтидори энергетикӣ ба 70 МВт расонида шуд