ГӮШТ ДАР БОЗОРҲО ФАРОВОН ВА АРЗОН ХОҲАД ШУД. Дар Тоҷикистон воридоти чорво ва хӯроки он аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод гардидааст
ДУШАНБЕ, 21.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор ба тасвиб расонид, ки тибқи он аз 1 августи соли равон воридоти чорво ва хӯроки чорво аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод гардид.
Ҳадафи ин қарор ба эътидол овардани нархи гӯшт дар бозори мамлакат ва қонеъ гардонидани талаботи бозори истеъмолӣ бо ин намуди маҳсулот мебошад. Дар назар дошта шудааст, ки ҳамзамон паҳншавии бемориҳои хатарноки ҳайвонот тавассути чорвои воридшаванда ва воридшавии гӯшту маҳсулоти гӯштии пастсифат ба ҷумҳурӣ қатъиян пешгирӣ карда мешавад.
Тибқи қарори мазкур, мақомоти дахлдор бояд барои қонеъ гардонидани талаботи бозори истеъмолии дохилӣ бо гӯшт бо сохторҳои дахлдори ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон ҳамкориро бештар намоянд.
Тавре муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Мусозода иброз дошт, “тибқи ин қарор воридоти чорво ва маҳсулоти хӯроки чорво (комбикорм) аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шудааст. Аз ин рӯ Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ вобаста ба ин масъала тадбирҳои зарурӣ амалӣ намуда истодааст”.
Муовини Вазир ҳамчунин иброз дошт, ки баъди ба тасвиб расидани ин қарор аз ҳудуди ҷумҳурӣ берун баровардани чорвои зинда тавассути сарҳади давлатӣ ва гузаргоҳҳои гумрукӣ пешгирӣ гардида, дар сурати рух додани ин ҳолат тадбирҳои қатъӣ андешида мешаванд.
Дар ҷумҳурӣ вобаста ба ҳолатҳои ғайриқонунии нигоҳ доштани чорво ва забҳи он дар дӯконҳои гӯштфурӯшӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст. Фаъолияти гурӯҳи мазкур дар доираи қонунгузории амалкунанда ба бартараф кардани камбудиҳои ошкоргардида ва ба тартиб даровардани масъалаи зикршуда равона гардидааст.
Тибқи қарори мазкур мақомоти дахлдор вазифадор карда шудаанд, ки дар маҳаллаҳои сераҳолии шаҳри Душанбе растаю дӯконҳои гӯштфурӯшии ҷавобгӯй ба меъёрҳои муқарраршуда ва талаботи санитарию гигиенӣ таъсис дода, инчунин дар мағозаҳо фурӯши гӯшт ба таври васеъ ба роҳ монда шавад.
Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, дар ҷумҳурӣ соли равон истеҳсоли гӯшт 73 ҳазору 996 тоннаро ташкил додааст.
АКС: © EPA/SRDJAN SUKI. Акс аз бойгонӣ








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид






