Хуршед Каримзода: «Дар самти воридоти мол ба Тоҷикистон Россия, Қазоқистон ва Чин пешсафанд»

Август 1, 2019 13:30

ДУШАНБЕ, 01.08.2019/АМИТ «Ховар»/. Дар самти воридоти молу маҳсулот Федератсияи Россия ҳамоно яке аз шарикони асосӣ ва пешсафи тиҷорати хориҷии Тоҷикистон боқӣ монда,  дар раддабандии воридоти мол аз хориҷа ба ҷумҳурӣ Россия бо 30,6 фоиз мақоми аввалро касб менамояд.      Инчунин 21,5 фоизи воридоти мол ба Қазоқистон, 16,9 фоиз ба Чин, 4,5 фоиз ба Туркия, 4,4 фоиз ба  Ӯзбекистон, 2,2 фоиз ба  Япония,  2 фоиз  ба Германия ва 1,5 фоиз ба Украина  рост меояд. Бояд тазаккур дод, ки аз ҳаҷми умумии воридот 61 фоиз ё 947,7 миллион доллар  ба давлатҳои хориҷаи наздик ва 39 фоиз ё 608,4 миллион доллар ба кишварҳои хориҷии дур  марбут аст. 

Сардори  Хадамоти гумруки назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Хуршед Каримзода имрӯз зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти  мақомоти гумруки мамлакат дар соли равон  дар нишасти матбуотӣ   тамоюли афзоиши ҳаҷми воридоти молу маҳсулотро ба мамлакат ба татбиқи  имтиёзҳои  андозию гумрукӣ рабт дод.

Мавсуф афзуд, ки имтиёзҳои андозию гумрукӣ бо мақсади беҳтар  намудани   фазои сармоягузории ҷумҳурӣ, татбиқи лоиҳаҳои  сармоягузорӣ  дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ,  бо таҷҳизоти истеҳсолию  технологии муосир  муҷаҳҳаз намудани  корхонаҳои истеҳсолии мамлакат,  даст кашидан  аз мошинҳои  кӯҳна  ва нав кардани парки  автомобилӣ, сохтмони иншооти  муҳим, ки воситаи асосии ҷалби  сармоя ва рушди иқтисодиёт ба ҳисоб мераванд, пешниҳод гардидаанд.

Август 1, 2019 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBUILD-2026» ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи саноат густариш медиҳанд
Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони ЮНИСЕФ ва БИР дар доираи Саммити ҷаҳонии зеҳни сунъӣ ва рақамӣ мулоқот намуд
Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон созишномаҳои грантӣ ба имзо расонид
КОДЕКСИ ЭКОЛОГӢ. Ин санад бо мақсади истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист қабул гардид
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии лимӯ идома дорад
Ҳиссаи Хатлон дар ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон беш аз 53 фоизро ташкил медиҳад