Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Амфитеатрро дар ноҳияи Ховалинг мавриди истифода қарор доданд

Август 7, 2019 20:20

ДУШАНБЕ, 07.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия Амфитеатрро, ки барои ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур дар масоҳати 4 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардида, он аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Саймумин Юсупов бунёд шудааст.

Амфитеатр бо тарҳи зебову муосир бунёд гардида, барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ имкони мусоидеро фароҳам кардааст.

Дар рафти корҳои сохтмонии иншооти мазкур, ки моҳи марти соли 2019 оғоз гардида буд, 30 нафар аз сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Аснои шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ифтитоҳи ин иншооти фарҳангиро муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ карданд ва масъулинро ҷиҳати истифодаи пурсамар аз шароити дар он муҳайёгардида ва ташкили барномаҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ барои сокинон дастуру ҳидоятҳо доданд.

Барои ҳунармандон дар ин амфитеатри навбунёд шароити мусоид фароҳам оварда шуда, ҳамчунин ду утоқи корӣ ва ивазнамоии либоси ҳунармандон низ дар он мавҷуд аст.

Атрофи ин иншооти фарҳангию фароғатӣ бо як завқи баланди зебоипарастӣ гулкорӣ карда шудааст.

Иншооти мазкур дар доираи корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, туҳфаи арзандае ба сокинони ноҳияи Ховалинг маҳсуб меёбад.

Имрӯзҳо дар ноҳияи Ховалинг аз ҷониби соҳибкорону шахсони ватандӯст баҳри ободии ин гӯшаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди созандагиҳо вусъат дода мешавад.

Ифтитоҳи Амфетеатр дар ноҳияи Ховалинг 07.08.2019

Август 7, 2019 20:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд