Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтишоти молиявии давлатҳои аъзои ИДМ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 23.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. 23 август дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтишоти молиявии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад, иттило медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи иҷроияи ИДМ.
Ҷаласаи навбатӣ ба фаъолияти мақомоти тафтишоти молиявии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои таъмини амнияти иқтисодии кишварҳои худ, таҳким ва такмили ҳамкорӣ дар заминаи ҳамгироии минбаъдаи иқтисодӣ, чораҳои мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар бахши қарзию молиявӣ ва дигар масъалаҳои соҳа бахшида мешавад.
Иштирокчиёни ҷаласа пешниҳодҳоро оид ба такмили қонунгузории миллӣ, инчунин ташаббусҳо оид ба рушди заминаи ҳуқуқии ҳамкории байналмилалиро дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои Иттиҳод баррасӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтишоти молиявии кишварҳои аъзои ИДМ соли 2000 бо мақсади ҳамкорӣ дар мубориза бо қонунвайронкунии молиявӣ таъсис дода шуд. Вазифаҳои асосии он табодули иттилоот, таҳияи тавсияҳо ва пешниҳодҳо барои ошкор, пешгирӣ ва рафъи ин ҷиноятҳо мебошанд. Илова бар ин, Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтишоти молиявии кишварҳои аъзои ИДМ ба такмил ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии давлатҳои Иттиҳод ва таҳияи заминаи ҳуқуқии ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо қонунвайронкуниҳои молиявӣ мусоидат мекунад.
Давлатҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Россия, Ӯзбекистон ва Украина аъзои ваколатдори Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти молиявӣ ба ҳисоб мераванд.








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






