Имрӯз Душанбе мизбони ҷаласаи XX Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтишоти молиявии давлатҳои ИДМ гардид

Август 23, 2019 14:03

ДУШАНБЕ, 23.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  дар шаҳри Душанбе ҷаласаи XX  Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтишоти молиявии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ /баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарону намояндагони  давлатҳои аъзои Шӯро- Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Арманистон, Озарбойҷон, Россия, Беларус, инчунин Кумитаи иҷроияи ИДМ ва намояндагони мушоҳид аз Латвия иштирок намуданд.

Хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки  дар ҷаласа  мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои  иқтисодӣ Кабир Ҷӯразода, Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андоз,  тафтишоти молиявии  ИДМ  Андрей Курносенко,  директори Агентии  назорати давлатии молиявӣ  ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода  ва роҳбарони мақомоти молиявии кишварҳои ИДМ сухан карда, нақши фаъолияти Шӯрои роҳбарони  мақомоти  молиявии давлатҳои ИДМ-ро дар таҳкими ҳамкорӣ, ҷилавгирӣ ва мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Аз ҷумла, мушовири бахши  Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои  иқтисодӣ Кабир Ҷӯразода зикр намуд, ки яке аз самтҳои асосии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвияти мубориза бо ҷиноятҳои  иқтисодӣ ва дорои хусусияти коррупсионӣ мебошад, зеро коррупсия дар ҷаҳони муосир ҳамчун зуҳуроти номатлуб ва хатарнок арзёбӣ гардида,  ба рушди давлатҳою таъмини амнияти иқтисодӣ ва  суботи ҷаҳон монеа эҷод мекунад. Ин аст, ки  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо мақсади ҷилавгирӣ аз ин зуҳуроти номатлуб   моҳи январи соли 2007     мақомоти махсуси муборизабаранда бо коррупсия-Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис дод.

Инчунин Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013–2020  қабул гардид. Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013–2020  ҳамчун санади барномавии дурнамои миёнамуҳлати сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия барои паст кардани шиддат ва сатҳи коррупсия дар мамлакат  равона гардида, дар ҳамкории миёни мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ амалӣ карда мешавад.

Дар ҷаласаи XX  Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтишоти молиявии давлатҳои аъзои  ИДМ    рафти иҷрои масъалаҳои  қаблан дар Шӯро қабулгардида, фаъолияти анҷомдодаи  мақомоти тафтишотию молиявии  давлатҳои ИДМ,  муқовимат  ба маблағгузории  терроризм, нақшаҳои минбаъдаи  фаъолияти Шӯро барои солҳои 2019-2023  ва дигар масъалаҳои марбут ба тақвияти  ҳамкориҳои давлатҳои аъзои  Шӯро  вобаста ба таъмини амнияти иқтисодӣ баррасӣ гардиданд. Ҳамзамон иштирокдорони  ҷаласа  пешниҳодҳоро оид ба такмили қонунгузории миллӣ, ташаббусҳо оид ба рушди заминаи ҳуқуқии ҳамкории байналмилалиро дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои Иттиҳод баррасӣ намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтишоти молиявии кишварҳои аъзои ИДМ соли 1999  бо мақсади ҳамкорӣ дар мубориза бо қонунвайронкунии молиявӣ таъсис дода шуд ва  зарфи 20 сол аст, ки муваффақона фаъолият дорад.  Шӯро  масъалаҳои  мубориза бо ҷиноятҳои  иқтисодиро  ҳамоҳанг сохта, таклифу пешниҳодҳоро ироа месозад. Инчунин экспертизаи ҳуқуқӣ гузаронида, лоиҳаҳои созишномаҳои байналмилалиро   мутобиқ менамояд. Тавсеаи ҳамкорӣ, табодули иттилоот, таҳияи тавсияҳо ва пешниҳодҳо барои ошкор, пешгирӣ ва рафъи ин ҷиноятҳои иқтисодӣ аз рисолатҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии   роҳбарони мақомоти молиявии давлатҳои ИДМ  маҳсуб меёбад. Илова бар ин, Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтишоти молиявии кишварҳои аъзои ИДМ ба такмил ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии давлатҳои Иттиҳод ва таҳияи заминаи ҳуқуқии ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо қонунвайронкуниҳои молиявӣ мусоидат мекунад.

Дар Душанбе доир гардидани ҷаласаи XX Шӯрои ҳамоҳангсозии   роҳбарони мақомоти молиявии давлатҳои ИДМ  бозгӯи он аст, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон   дар ҳамбастагӣ бо дигар давлатҳо  зидди ҳамагуна қонунвайронкуниҳо, хусусан ҷиноятҳои  хусусияти  трансмиллидошта муборизаи беамон бурда, барои  таъмини амнияти иқтисодии кишвар  ва манфиатҳои  давлат тадбирҳои  заруриро меандешад.

                                                                              Марзия САИДЗОДА,
                                                                                    АМИТ «Ховар»

Август 23, 2019 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири кишоварзии Узбекистон дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти корхонаи «Агротехсервис» шинос гардид
«Гардиши мол байни ду давлат дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонида мешавад», — бардошт аз Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти IFC роҳҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба муаррифии ҳисоботи СММ баргузор шуд
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бонн бо намояндагони Вазорати федералии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) тақвият меёбад
Нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар шаҳри Ваҳдат 104,7 фоиз иҷро гардид
«Амонатбонк» дар доираи Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ дар Файзобод ҳамоиши омӯзишӣ баргузор намуд
ҚАЛЪАИХУМБ — ВАНҶ — ДАРВОЗАИ РӮШОН. Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо ҷараёни таҷдиду навсозии ин қитъаи роҳ шинос шуд
Дар Душанбе масъалаи таъсиси парки инноватсионии саноатӣ байни Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид
Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи Байналмилалии Асъор дар Вашингтон баррасӣ шуд