Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии фарҳангӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ховалинг иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 07.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг дар чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Шоми Ховалинг» бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Барномаи рангини фарҳангӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ховалинг бо иштироки зиёда аз 10 ҳазор нафар сокинони сарбаланду меҳандӯсти ноҳия баргузор гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ин чорабинии фарҳангӣ, нахуст миннатдории давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои тамоми мардуми меҳнатдӯсту сарбаланди ноҳияи Ховалинг барои пуштибонӣ аз сиёсати созандаи роҳбарияти олии мамлакат баён доштанд.
Таъкид гардид, ки бо заҳмати пайвастаи сокинон, аз ҷумла соҳибкорони бонангу номуси диёр маркази ноҳияи Ховалинг дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бамаротиб ободу зебо гардидааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи иншооти нави хидмативу маишӣ ва варзишию фарҳангиро, ки дар доираи омодагиҳо ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣсурат гирифтаанд, намунаи ибратбахш аз талошҳои сокинони ин ноҳияи мамлакат арзёбӣ карданд.
Сокинони ноҳияи Ховалинг аз чорабинии фарҳангии «Шоми Ховалинг», ки бо пешниҳоди суруду таронаҳои дилнишин дар васфи Ватан ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома кард, ҷаҳони маънавии худро ғанӣ гардонида, дар фазои сулҳу оромии диёр бо ҳам шодию хурсандӣ намуданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд






