МУНОСИБАТИ МО БА ЗАМИН – БОИГАРИИ АСОСИИ КИШВАРАМОН ЧӢ ГУНА АСТ? Дар ноҳияи Рӯдакӣ 376 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардид
РӮДАКӢ, 31.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳои муштарак бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳияи Рӯдакӣ 376 ҳолати вайронкунии қонунгузорӣ оид ба замин ошкор гардид. Аз ин шумора 287 ҳолат истифодаи замин бе ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи он мебошад. Дар ин бора сардори идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Ҷунайдулло Файзализода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Тавре пештар иттилоъ дода будем, бо карори суди ҳарбии гарнизони Душанбе сокини ҷамоати Эсанбои ноҳияи Рӯдакӣ Саидқул Ҷониқулов барои худсарона ишғол намудани замини марбут ба хоҷагии ёрирасони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва дар он сохтани манзили истиқоматӣ тибқи қонунгузории мамлакат гунаҳгор дониста, аз ӯ ба миқдори 50 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шуд.

ДАР АКС: бунёди манзили истиқоматӣ дар замини худсарона ишғолкардашуда дар ноҳияи Рӯдакӣ. Акс аз байгонӣ.
Аз 376 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин, аз ҷумла Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 парванда ба Прокуратураи ноҳия ва 12 парванда ба Суди ноҳия ирсол гардидааст. Дар маҷмӯъ, 376 нафар қонунвайронкунанда ба маблағи 164 ҳазору 10 сомонӣ ҷарима шуда, 304 ҳолати қонунвайронкунӣ бартараф гардид.
Аз ин рӯ масъулини назорати истифодаи замин дар ноҳияро зарур аст, ки дар давраи аввали худсарона ишғол кардани замин ё ин ки сохтмони худсаронаи хона бо истифода аз чораҳои дар қонун пешбинишуда қонунвайронкуниҳоро пешгирӣ ва бартараф намоянд.
Мутобиқи моддаи 13-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, замин моликияти истисноии давлат буда, давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад. Аз ин ҷиҳат истифодаи самараноку оқилонаи замин яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб ёфта, шарти асосии баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии халқ ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як шаҳрванд мебошад.
Маълум аст, ки 93 фоизи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯҳҳо ва танҳо 7 фоизашро заминҳои ҳамвор ташкил медиҳанд ва таъмини талаботи рӯзмарраи аҳолии мамлакат бо маҳсулоти ғизоӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Он ба риояи дақиқ ва иҷрои бемайлони қонунгузории замин ва таъмини амнияти озуқаворӣ вобастагии зич дорад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намудаанд: «Замин – боигарии асосии кишвари мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи мардуми он аз рӯи бисёр омилҳо вобаста ба он аст, ки мо муносибати худро ба замин чӣ гуна ба роҳ мемонем».
Ҳамаи ин аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пурзӯр намудани назоратро дар самти риояи қонунгузории замин, аз ҷумла ҳифзи заминҳои ҳосилхез, пешгирии ғайриқонунӣ тақсим намудан, хариду фурӯш ва худсарона ишғол намудани қитъаҳои заминро талаб менамояд.








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






