ОБУ ҲАВО. Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 35 — 45 дараҷа мерасад

Август 6, 2019 08:04

ДУШАНБЕ, 06.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои гарм боқӣ монда, ҳарорат аз 35 то 45 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, то 8 август дар ҷумҳурӣ ҳавои гарм боқӣ монда, дар вилояти Суғд  ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳои ин вилоят шабона 20+25 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ гармии ҳаво шабона ба 8+13 ва   рӯзона    ба 26+31  дараҷа мерасад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи  бебориш шуда, шамол аз самти шарқ 2-7  метр дар як сония  мевазад. Гармии ҳаво дар ғарби вилоят шабона ба 13+18 ва рӯзона ба 31+36 дараҷа мерасад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 5+10 ва  рӯзона 19+24  дараҷа  гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри бебориш шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 ва рӯзона 40+45  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 18+23 ва рӯзона 34+39  дараҷа гарм мешавад.

Агентии обуҳавошиносӣ иттилоъ медиҳад, ки дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва бебориш шуда, шамол аз самти шарқ  3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 17+22  ва рӯзона 37+42  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 13+18 ва рӯзона 31+36  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония   мевазад. Гармии ҳаво шабона ба 17+19 ва  рӯзона ба 40+42  дараҷа мерасад.

Бино ба иттилои манбаъ, то 8 август ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар водиҳо  40 +45 ва дар минтақаҳои кӯҳӣ 32+37 дараҷа гарм мешавад. Аз ин рӯ бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эҳтимолияти бавуҷудоии селҳои пиряхӣ дар назар аст. Дар ин рӯзҳо дар дарёҳои Панҷ, Вахш, Зарафшон ва болооби онҳо баландшавии якбораи сатҳи об пешбинӣ шуда, шусташавии соҳилҳо аз эҳтимол дур нест.

«Бо сабаби баландшавии ҳарорат  Агентии обуҳавошиносӣ ҳушдор медиҳад, ки аз 5 то 9 август дар шаҳри Душанбе гармӣ ва афзоиши ифлосшавии ҳавои атмосферӣ ба моддаҳои муаллақ (чанг ) идома меёбад.  Аз ин рӯ  доир ба муҳофизати аҳолӣ аз таъсири манфии гармӣ ва ифлосшавии ҳавои атмосферӣ тавсия дода мешавад, ки шаҳрвандон рӯзона аз гаштугузори зиёд дар қитъаҳои наздик ба шоҳроҳҳои калони нақлиётгард (хусусан маҳалҳои релефи нисбатан пастдошта ва ҷараёни ҳавои камдошта) худдорӣ намоянд. Зеро он барои саломатӣ хавфи зиёд дошта, пеш аз ҳама ба кӯдакон, пиронсолон, занони ҳомила ва одамони гирифтори бемории фишорбаландӣ таъсири манфӣ мерасонад»,- гуфт сардори шуъбаи пешгӯии боду ҳавои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон Фаридун Аҳмадзода.

Ба зикри Ф. Аҳмадзода, 8 август ҳаво якбора ноустувор шуда, шиддати шамол  дар назар аст.  Дар  минтақаҳои вилоятҳои Хатлон ва Суғд  шамол шиддат гирифта, то 19-24 метр  дар як сония мевазад. Дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ чангу ғубор ба амал меояд.

Шурӯъ аз даҳаи дуюми моҳи август ҳарорати ҳаво дар ҷумҳурӣ паст шуда, дар водиҳо гармӣ ба 37-42 ва дар минтақаҳои кӯҳӣ ба 27-32 дараҷа мерасад. Дар  минтақаҳои кӯҳӣ  боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ  пешбинӣ мешавад.

 

Август 6, 2019 08:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имсол кирмакпарварони ноҳияи Хуросон беш аз 10 ҳазор килограмм пилла месупоранд
Дар Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявии «МегаФон Life бо сабки футбол» оғоз ёфт
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар озмуни вилоятии «Барномасози ҷавон» 34 довталаб аз муассисаҳои таълимии Бадахшон иштирок намуд
Дар ноҳияи Ёвон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор шуд
Бахшида ба 70-солагии таъсиси шаҳри Бӯстон Озмуни шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин» баргузор гардид
Кирмакпарварони ноҳияи Панҷ беш аз 78 фоизи нақшаи пилласупориро иҷро намуданд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
«ФАРЗАНД — ИДОМАДИҲАНДАИ ОИЛА». Дар ноҳияи Данғара таҳти ин унвон иқдоми маърифатӣ гузаронида шуд
Ғолибони озмуни «Донандаи беҳтарин асарҳои Пешвои миллат» дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ муайян гардиданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад