Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба 100 нафар ятими кулл дар ноҳияи Ҷаббор Расулов туҳфаҳои идона тақдим намуданд

Август 23, 2019 09:22

ДУШАНБЕ, 23.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба 100 нафар ятими кулл, ки таълимгирандагони муассисаҳои миёнаи як зумра шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мебошанд, туҳфаҳои идона тақдим карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин табақаи ҷомеаро, ки бо амри тақдир аз меҳру муҳаббати оила маҳрум гардидаанд, бо фарорасии солгарди 28 — уми ҷашни Истиқлолияти давлатӣ шодбош гуфта, ба онҳо дар идомаи таҳсил ва ҳаёти мустақилона барору комёбӣ орзу намуда, таъкид доштанд, ки бо хониши хубу аъло ва ахлоқи ҳамида ҳамчун фарзандони содиқи Ватан ба воя расанд.

Дар ин рӯз шодиву хурсандии ятимонро ҳадду канор набуд, зеро онҳо маҳз аз дасти Сарвари ғамхору пуштибони худ туҳфаҳои арзанда гирифтанд. Ятимони кулл сипосу миннатдории хешро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо самимияти беандоза ва меҳри зиёд баён намуданд.

Туҳфаҳои идонаи Пешвои миллат аз кумакпулии яквақтаина ва сару либоси зебо иборат буд. Ҳамзамон дар ин рӯз баҳри афзун гардидани шодию нишоти ятимони кулл дастурхони идона ороста шуд.

Мутобиқи маълумоти оморӣ, дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд 723 нафар ятим ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 16 нафарашонро ятимони кулл ташкил медиҳанд. Ҳамаи ин нафарони бесаробонмонда таҳти таваҷҷуҳ ва дастгирии бевоситаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд ва барои онҳо шароити мусоиди таълиму тарбия муҳайё карда шудааст.

Дасти кумак дароз намудан ба ятимону бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд аз хислатҳои неки инсонӣ маҳсуб меёбанд, ки хушбахтона, имрӯз ҳамчун анъана дар арафаи ҳама иду ҷашнҳои миллӣ аз тарафи шахсони саховатпеша анҷом дода мешавад.

Дастаи ҳунармандони ҷавону наврасе, ки дар назди Сарвари давлат бо барномаи рангини пурмуҳтаво баромад намуд, аз ҳисоби ятимони кулл буд.

Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар партави хислатҳои неки инсондӯстонаи роҳбарияти давлату Ҳукумат бо иқдомҳои пайвастаи соҳибкорону дигар ашхоси саховатпеша сатҳу сифати зиндагии мардуми эҳтиёҷманд беҳтар гардидааст ва ин раванд идома меёбад.

Тақдими туҳфаҳои идона ба 100 нафар ятими кулл дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 23.08.2019

Август 23, 2019 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Норвегия Хокон VIII барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал Рам Чандра Паудел барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҳафт иншооти соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони касбу кори гуногун, собиқадорони меҳнат ва як гурӯҳ собиқ вакилони иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ мукофотҳои давлатӣ тақдим намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба таври фосилавӣ бо рафти корҳои ободониву созандагӣ дар деҳаи Ғиҷовак шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои муассисаи томактабии «Зирамоҳ»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба таври фосилавӣ 10 иншооти навро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара муассисаи таҳсилоти томактабии «Орзу»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара майдонҳои муосири варзишӣ ва бозии кӯдаконаро ифтитоҳ намуданд