«Помиринвест-2019» роҳи соҳибкорони маҳаллиро ба бозори ҷаҳонӣ боз мекунад
ХОРУҒ, 07.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи дуюми Форуми соҳибкорӣ ва сармоягузории «Помиринвест-2019» намояндагони тиҷорату саноат аз манотиқи мамлакат ва 10 давлати дунё мубоҳисаву муколамаи худро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ идома доданд. Зимни мубоҳисаю музокирот зикр гардид, ки Форуми «Помиринвест-2019» роҳи соҳибкорони маҳаллиро ба бозори ҷаҳонӣ боз мекунад.
Ёдовар мешавем, ки 6 август дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест — 2019» ба кор оғоз кард. Дар он беш аз 150 нафар сармоягузорону соҳибкорон, аз ҷумла роҳбарону масъулони мақомоти давлатӣ, сармоягузорон аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, як гурӯҳи соҳибкорон аз шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Суғду Хатлон иштирок доранд.
Директори Маркази касбомӯзии калонсолон дар ВМКБ Чаманоро Муаллимшоева, ки бо маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои хурди ҳунармандони маҳаллӣ ба форум ҳозир шудааст, гуфт, ки «баъзе сармоягузорони хориҷӣ ба маҳсулоти онҳо мароқ зоҳир намуданд. Аммо гуфтанд, ки барои онҳо маълумоти комил дар бораи коргоҳҳои хурд, намудҳои маҳсулот ва сифати он, иқтидори тавлидотии коргоҳҳо пешниҳод намоянд. Аз назари ман, Форуми «Помиринвест» барои соҳибкорони маҳаллӣ майдони хуби таҷриба ва тавсеаи ҳамкорӣ бо ҳамтоёни хориҷӣ мебошад».
Соҳибкори амрикоӣ Сиддиқ Алӣ гуфт, ки аз шеваи баргузории форум қаноатманд аст ва давоми ду рӯз бо даҳҳо нафар аз соҳибкорони маҳаллӣ суҳбат кард, аз нақшаву ниятҳои ҳамдигар огоҳ шуданд ва умедвор аст, ки баъзе аз он нақшаҳоро дар ояндаи наздик татбиқ хоҳанд кард. «Аслан ман ба тиҷорат машғул ҳастам ва чанд сол аст, ки дар шаҳри Хоруғ ба сифати мушовири масоили хизматгузорӣ дар меҳмонхонаҳо фаъолият дорам. Мехоҳам дар рушди кишоварзӣ, бахусус соҳаи қутоспарварӣ бо чорводорони маҳаллӣ ҳамкорӣ кунам».
Дар Форуми «Помиринвест-2019» аз Ҷумҳурии Мардумии Чин низ соҳибкорони зиёд ширкат варзида, ҳар як суханронии соҳибкоронро бо мароқи зиёд гӯш мекунанд. Як тан аз онҳо, ки худро Лир Ен муаррифӣ кард, изҳор дошт, ки «давоми ду рӯз оид ба имкониятҳои сармоягузорӣ дар риштаҳои мухталифи иқтисоди Бадахшон маълумоти ҳаматарафа пайдо карда, акнун мехоҳам бо чанд нафар аз соҳибкорон ба таври мушаххас суҳбат намоям. То ҳол ба хулосаи қатъӣ наомадаам, аммо дар мадди аввал мехоҳам дар соҳаи истеҳсол ва фурӯши мебел бо ҳамтоёни тоҷики худ ҳамкорӣ намоям».
Ҳоло соҳибкорону сармоягузорон ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, лоиҳаҳои гуногунро муҳокима мекунанд ва пас аз он шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд.








Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд






