«Помиринвест-2019» роҳи соҳибкорони маҳаллиро ба бозори ҷаҳонӣ боз мекунад

Август 7, 2019 16:45

ХОРУҒ, 07.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи дуюми Форуми  соҳибкорӣ  ва сармоягузории «Помиринвест-2019»  намояндагони тиҷорату саноат аз манотиқи мамлакат ва 10 давлати дунё мубоҳисаву муколамаи худро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ идома доданд. Зимни мубоҳисаю музокирот зикр гардид, ки Форуми «Помиринвест-2019» роҳи соҳибкорони маҳаллиро ба бозори ҷаҳонӣ боз мекунад.

Ёдовар мешавем, ки 6 август дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест — 2019» ба кор оғоз кард. Дар он беш аз 150 нафар сармоягузорону соҳибкорон, аз ҷумла роҳбарону масъулони мақомоти давлатӣ, сармоягузорон аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, як гурӯҳи соҳибкорон аз шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Суғду Хатлон иштирок доранд.

Директори Маркази касбомӯзии калонсолон дар ВМКБ Чаманоро Муаллимшоева, ки  бо маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои хурди ҳунармандони маҳаллӣ ба форум ҳозир шудааст, гуфт, ки «баъзе сармоягузорони хориҷӣ ба маҳсулоти онҳо мароқ зоҳир намуданд. Аммо гуфтанд, ки барои онҳо маълумоти комил дар бораи коргоҳҳои хурд, намудҳои маҳсулот ва сифати он, иқтидори тавлидотии коргоҳҳо пешниҳод намоянд. Аз назари ман, Форуми  «Помиринвест» барои соҳибкорони маҳаллӣ майдони хуби таҷриба ва тавсеаи ҳамкорӣ бо ҳамтоёни хориҷӣ мебошад».

Соҳибкори амрикоӣ Сиддиқ Алӣ гуфт, ки аз шеваи баргузории форум қаноатманд аст ва давоми ду рӯз бо даҳҳо нафар аз соҳибкорони маҳаллӣ суҳбат кард, аз нақшаву ниятҳои ҳамдигар огоҳ шуданд ва умедвор аст, ки баъзе аз он нақшаҳоро дар ояндаи наздик татбиқ хоҳанд кард. «Аслан ман ба тиҷорат машғул ҳастам ва чанд сол аст, ки дар шаҳри Хоруғ ба сифати мушовири масоили хизматгузорӣ дар меҳмонхонаҳо фаъолият дорам. Мехоҳам дар рушди кишоварзӣ, бахусус соҳаи қутоспарварӣ бо чорводорони маҳаллӣ ҳамкорӣ кунам».

Дар Форуми  «Помиринвест-2019» аз Ҷумҳурии Мардумии Чин низ соҳибкорони зиёд ширкат варзида, ҳар як суханронии соҳибкоронро бо мароқи зиёд гӯш мекунанд. Як тан аз онҳо, ки худро Лир Ен муаррифӣ кард, изҳор дошт, ки «давоми ду рӯз оид ба имкониятҳои сармоягузорӣ дар риштаҳои мухталифи иқтисоди Бадахшон  маълумоти ҳаматарафа пайдо карда, акнун мехоҳам бо чанд нафар аз соҳибкорон ба таври мушаххас суҳбат намоям. То ҳол ба хулосаи қатъӣ наомадаам, аммо дар мадди аввал мехоҳам дар соҳаи истеҳсол ва фурӯши мебел бо ҳамтоёни тоҷики худ ҳамкорӣ намоям».

Ҳоло соҳибкорону сармоягузорон ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, лоиҳаҳои гуногунро муҳокима мекунанд ва пас аз он шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд.

Август 7, 2019 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Дар Хатлон масъалаи таъсиси корхонаи саноатии батареяҳои офтобӣ баррасӣ гардид
Имсол аз Тоҷикистон беш аз 90 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст