Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи ресандагии ҶДММ «Органик Ян»-ро дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 23.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов корхонаи истеҳсолии коркарди нахи пахта ва ресандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Органик Ян” -ро расман ифтитоҳ бахшиданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи корхонаи истеҳсолии коркарди нахи пахта ва ресандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Органик Ян”-ро саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат арзёбӣ карда, таъкид доштанд, ки дар мамлакат барои рушди соҳаи саноат иқтидору имкониятҳо зиёданд. Аз ҷумла, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз самтҳои афзалиятноки рушди соҳа маҳсуб меёбад.
Дар вилояти Суғд дар доираи омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ — Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду истифодаи беш аз 300 корхонаю коргоҳи саноатӣ бо зиёда аз 9 ҳазор ҷои корӣ ба нақша гирифта шуда, баҳри амалӣ намудани ин иқдомҳои созанда корҳои бунёдкорӣ вусъат гирифтаанд.
Корхонаи ресандагии “Органик Ян” дар доираи ин чорабиниҳо сохта шудааст, ки дар он нахи пахта коркард ва аз он риштаи пахтагин истеҳсол мегардад. Коркарди нахи пахта дар дохили мамлакат яке аз самтҳои муҳими саноатикунонӣ буда, аз он истеҳсол гардидани маҳсулоти нимтайёру ниҳоӣ иқтидори содиротиро афзун карда, ба иқтисоди миллӣ даромад меоварад.
Таъсиси корхона самараи ҳамкории соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия буда, бо арзиши лоиҳавии 70 миллион сомонӣ бунёд гардидааст. 35 миллион сомонӣ саҳми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “25-солагии Истиқлолият”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35 миллион сомонӣ саҳми ширкати “Мехмет Доган”-и Ҷумҳурии Туркия мебошад.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки масоҳати умумии сохтмони корхона ду гектар ва масоҳати иншооти истеҳсолӣ беш аз як гектарро ташкил медиҳад. Дар корхонаи навтаъсис коркарди нахи пахта ва истеҳсоли ришта ба технологияи пешрафта асос ёфтааст. Таҷҳизоти технологӣ сохти ширкати “Марзолли”-и Италия буда, технологияи инноватсионӣ аст. Хати технологӣ аз 5 қисм иборат буда, ришта аз нахи пахта дар марҳилаҳои шонакунӣ, пилтапечӣ, лентасуфтакунӣ, ресмонресӣ ва ғалтакпечӣ истеҳсол карда мешавад. Дар ин технология энергияи барқ сарфа мегардад.
Иқтидори истеҳсолии солонаи корхона коркарди 5 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли ришта аз он мебошад.
Соҳибкорон ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷорӣ намудани имтиёзҳои давлатӣ ва сабукиҳо барои ворид намудани технологияҳои муосир изҳори сипосу қаноатмандӣ намуданд.
Корхона барои афзун намудани ҷойҳои корӣ дар деҳот нақши муҳим дорад. Дар ин корхонаи ресандагӣ дар марҳилаи аввал 100 нафар ва дар марҳилаи дуюм боз 100 нафар ва дар маҷмӯъ 200 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд, ки қисми асосиро занону духтарони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.
Таъсису ба фаъолият пардохтани корхонаи ресандагӣ дар деҳаи Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов тадбири муҳим дар самти татбиқи амалии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалисозии барномаҳои рушди иқтисодӣ баҳри коркарди ашёи хоми ватанӣ, истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ, таҳкими иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ арзёбӣ гардид.









Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин анҷом ёфт
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби Кумитаи Ҳизби коммунистии Чин дар шаҳри Чонгчин Юан Ҷияҷюн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чонгчини Чин аз корхонаи саноатии «Зонгшен» боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба шаҳри Чонгчини Ҷумҳурии Мардумии Чин ташриф оварданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Чин
Музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Пекин
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин сарфароз гардонида шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ректори Донишгоҳи Пекин Гун Сихуан мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Маҷмааи муҷассамаи «Қаҳрамонҳои миллӣ»-и Чин дар Пекин гулчанбар гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян мулоқот намуданд






