«Сабаби диабет хӯрдани қанди зиёд нест», «Зебогии Душанбе арзандаи ситоиш аст», — шарҳи матбуоти даврӣ

Август 2, 2019 16:12

ДУШАНБЕ, 02.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта матбуоти даврии Тоҷикистон кадом  мавзӯъҳоро пайгирӣ намуд? Рӯзноманигорон  доир ба ҳодисоти дохил ва рӯйдодҳои берун аз мамлакат чӣ андеша доранд? Дар ин мавзӯъ шарҳи АМИТ «Ховар» пешниҳоди хонандагони сомона мегардад.

Ин ҳафта муҳтавои асосии рӯзномаҳои  мамлакатро  хабару гузоришҳо аз  ҷараёни баргузории нишастҳои матбуотии вазорату кумита ва дигар муассисаву идораҳои ҷумҳурӣ  доир ба натиҷаҳои фаъолият   дар шаш моҳи соли равон ташкил медиҳанд.              

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» дар саҳифаи аввали шумораи рӯзи 30 июл (№145)  аз баргузории Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2019 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм»,  ки 29 июл таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд,  иттилоия ба нашр расонидааст.

Дар иттилоия, аз ҷумла чунин омадааст: «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таваҷҷуҳи аъзои Ҳукуматро ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашнҳои муҳими давлатӣ, хусусан ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда, таъкид доштанд, ки роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо барои иҷрои нақшаҳои бунёдкориву ободонӣ дар муҳлатҳои муқарраршуда ва босифат вазифадор мебошанд. Онҳо  бояд ин тадбирҳоро бо масъулият ва ҳисси баланди ватандӯстӣ ба анҷом расонанд».

Дар ин шумораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» ҳамчунин мақолаҳои таҳлилӣ таҳти сарлавҳаҳои «Хатлон. Соҳибкорӣ рӯ ба рушд дорад», «Ноҳияи Носири Хисрав. Фардо аз имрӯз беҳтар хоҳад шуд», «Бадахшон. Ҷинояткорӣ  миёни ноболиғон аз масъалаҳои доғ боқӣ мемонад», «Фурӯғи субҳи доноӣ…». Иқдоме, ки ояндаро месозад», «Бартолд ва тараннуми фарҳанги тоҷикӣ», «Мубориза бо терроризм. Тоҷикистон дар таъмини суботи минтақа мавқеи намоён дорад»  ва дигар хабару гузоришҳои ҷолиб аз рӯйдодҳои ҷумҳурӣ ва ҷаҳон чоп шудаанд.

Дар нашрияи парлумонии мамлакат «Садои мардум»  (№92 аз 30.07.2019) таҳти сарлавҳаҳои «Алайҳи ВНМО корҳои зиёд ба анҷом расиданд»  «Иқлими Қатар барои сохтмончиён мувофиқ нест», «Ҷамшед Нурмуҳамадзода: «Ҷалби пасандоз бо пули миллӣ 15,6% фоиз афзуд», «Батаъхирмонии парвози тайёраҳо коҳиш ёфт», «Шамсиддин Орумбекзода: «Ҳунармандон 22 асари навро ба саҳна гузоштанд», «Барои зоирон шароити хуб омода шудааст», «Заминаи моддию техникии «Тоҷикфилм» тақвият меёбад» ва ғайра хабару гузоришҳо  аз нишастҳои матбуотӣ  ба чоп расидаанд.

Дар шумораи рӯзномаи «Садои мардум» ҳамчунин мақолаҳо таҳти сарлавҳаҳои «Чаро ба омӯзиши забони давлатӣ муносибат дуюмдараҷа мебошад?», «Муҳоҷирони меҳнатӣ муштоқи мулоқот бо вакилонанд», «Зебогии Душанбе арзандаи ситоиш аст», «Солгарди террори сайёҳони хориҷӣ аз ҷониби наҳзатиҳо», «Сабаби диабет хӯрдани қанди зиёд нест», «Чаро китобҳои бачагона бо теъдоди кам нашр мешаванд?», «Ҳаме гуфт ҳар кас, ки  ин Рустам аст..» ба нашр расидаанд, ки дар онҳо масоили муҳими рӯз   мавриди баррасӣ қарор гирифта, пешниҳоди хонандагон гардидааст.

Муаллифи мақолаи  «Зебогии Душанбе арзандаи ситоиш аст»  вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хисрав Абдуназар доир ба нашри  китоби «Душанбе — қалби Тоҷикистон», ки он чанде пеш  аз чоп баромада,  дастовардҳои пойтахти мамлакат — шаҳри Душанберо тайи ду соли охир инъикос менамояд, ибрози андеша намудааст.

Хисрав Абдуназар, аз ҷумла чунин нигоштааст: «Дарвоқеъ, бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе бо дастгириву ғамхории пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз то рӯз зебову обод гардида истодааст. Муболиға нахоҳад шуд, агар гӯем, ки Душанбе ба ҳайси яке аз шаҳрҳои тамаддунсоз ва оинаи давлату миллати тоҷик муаррифӣ мегардад. Дар ду соли охир дар шаҳр 64 корхонаи саноатӣ таъсис ёфта, дар 3 соли оянда бунёди 74 корхонаи нави саноатӣ ба нақша гирифта шуда, тамоми соҳа рушд карда, марҳилаи сифатан нави бунёдкориҳо шурӯъ гаштааст. Вусъати корҳои сохтмонӣ, таҷдиди роҳҳои дохилишаҳрӣ, бунёди истгоҳҳои замонавӣ, таъминот бо нақлиёти муосири ҷамъиятӣ, таҷдиду барқарорсозӣ ва иваз намудани хатҳои интиқоли неруи барқ, эъмори муассисаҳои таълимии ҳозиразамон, беморхонаҳо, иншооти варзишию солимгардонӣ ва фароғатӣ далели гуфтаҳои болост».

Номбурда иброз доштааст, ки  таҳиягарони китоб  заҳмати зиёд кашида,  андешаҳои ходимони намоёни давлатӣ, сиёсатмадорон, олимону муҳаққиқон, адибону журналистонро  дар бораи шаҳри Душанбе  ҷамъ овардаанд, ки он китоби мазкурро  пурмазмун ва хеле назаррабо гардонидааст.

Нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета»  (31.07.2019,№32)  дар баробари  матолиби расмӣ ва хабару гузоришҳо аз нишастҳои матбуотӣ, ки имрӯзҳо ҷараён доранд, ҳамчунин  мақолаҳои таҳлилиро  ба нашр расонидааст. Аз ҷумла, таҳти сарлавҳаҳои «Решение социальных проблем является основной целью Лидера нации», «Зумрад»- жемчужный уголок Таджикистана», «Свобода слова породила фейкмедиа», «Работник ЗАГСа должен быть образованным и компетентным», «Достижения ГУП «Таджикаэронавигация»  мақолаҳои ҷолиб ба чоп расидаанд, ки барои хонандагон маълумоти муфид пешниҳод менамоянд.

Нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» (31.07.2019,№ 31)  дар баробари хабару гузоришҳо аз ҳаёти ҳизбӣ, нишастҳои матбуотӣ, инчунин мақолаҳои зеринро чоп намудааст: «Дар ҳошияи як матлаби муҳим», «Шиори «Ман босмачӣ ҳастам» нишони бехирадист», «Фарёди ёдҳо»  «Афғонистон: даъвогарони як курсӣ», «Танзими анъана –кафили некуаҳволии мардум», «Санг дар талхадоне, ки нест ва ё як рӯз дар маркази саломатии №7», «Вазъ дар марз ором аст», «Ба нажодпарастии худ қоил шавед. Москвагиҳо ба ҳимояи муҳоҷирон алайҳи бедодиҳои пулис мехезанд», «Ғизои солим» ва    ғайраҳо

Нашрияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷавонони Тоҷикистон» дар шумораи 1 августи соли равон  таҳти сарлавҳаҳои «Барзаговмошин»-и ширфурӯшро дар куҷо «меҷӯшанд?», «На оби хунуку на оби сӯзон ё чаро масъулини соҳаи кор бо ҷавонони ноҳияи Мурғоб камташвишанд?!», «Шаҳрнишинӣ масъулият аст!», «Варзиш инсонро комил месозад», «Антуан де Сент Экзюпери: «Об! Ту худи ҳаёт ҳастӣ», «Рушди боғдорӣ дар доманакӯҳҳо», «Кибертерроризм ва таҳдиди он», «Шеъри худам, оҳанги худам, худам месароям. Телевизионе, ки аз номи мардум ҳадаф ва мақсади  ифлоси худро роҳандозӣ кардан мехоҳад», «Ҳадаф аз касби интихобкарда чист?», «Забономӯзӣ: аз шавқ то маҷбурӣ»  мақолаҳои таҳлилиро ба нашр расонидааст, ки дар ин мавод масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷавонон ва дигар масоли  муҳими ҷомеа инъикос ёфтаанд.

Таҳлилгар Саид Салим  дар мақолаи  «Шеъри худам, оҳанги худам, худам месароям. Телевизионе, ки аз номи мардум ҳадаф ва мақсади  ифлоси худро роҳандозӣ кардан мехоҳад»  оид ба  фаъолияти телевизиони мутааллиқ  ба созмони ифротии «Гурӯҳи 24»-«Садои мардум», ки наворҳои худро пас аз сабт кардан тавассути шабакаи иҷтимоӣ –интернетии Ютуб  ба намоиш мегузоранд ва  масоили матраҳшавандаро тавре  ба миён  мегузоранд, ки ҷанбаҳои иғвоангез доранд, ибрози андеша намудааст. Номбурда, аз ҷумла   чунин нигоштааст: «Бо вуҷуди он ки ин  барномаи телевизионӣ «Садои мардум» унвонгузорӣ шудааст, вале дар он на садои мардум, балки фаъолияти тахрибкорона ва душманонаи «Гурӯҳи 24» бар зидди давлату миллати тоҷик бармало мушоҳида мешавад. Мавзӯи меҳварии барномаҳои ин телевизион ҳамеша аз туҳмату буҳтон задан  ба ҳукумат ва ҳимоят аз ҳизби террористии наҳзатиён иборат аст. Дар он садои мардум тамоман шунида намешавад ва ровии барнома низ ба  бинандагон ҳуқуқи баён кардани фикру ақидаашонро намедиҳад».

«Ин телевизион як дастгоҳи таблиғотӣ ва тахрибкоронаи наҳзатист, ки бар зидди манфиатҳои миллии Тоҷикистон  фаъолият мекунад.Аз ин рӯ, бояд ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҳушёриро аз даст надиҳад ва донад, ки  он абзори дасти душманон аст. Он   бар зидди Тоҷикистон фаъолият  карда, ин  телевизион садои мардум не, балки душмани мардум  аст»,- чунин ҳушдор  додааст таҳлилгар.

        Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Август 2, 2019 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ 19 ҳазору 540 нафақагир сабти ном шудаанд
Масоили марбут ба ташкили давраи омӯзишӣ дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ баррасӣ шуд
Теъдоди ҳалокшудагони обхезӣ дар Бразилия аз 70 нафар гузашт
«Амонатбонк» меъёри фоизи қарзҳоро аз 2 то 4 банди фоизӣ паст намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади тақвияти рушди содирот ба бозори ҷаҳонӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид
Ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон техникаи нав супорида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад