«Сари Хосор ёдгории нодири табиат аст», «Донишкадаи соҳибкорӣ тағйири ном мекунад», «Вазири саноат: ба Озарбойҷон об мефиристем»,-шарҳи матбуоти даврӣ

Август 9, 2019 16:13

ДУШАНБЕ, 09.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта матбуоти даврии Тоҷикистон кадом  мавзӯъҳоро пайгирӣ намуд? Рӯзноманигорон  доир ба ҳодисоти дохил ва рӯйдодҳои берун аз мамлакат чӣ андеша доранд? Дар ин мавзӯъ шарҳи АМИТ «Ховар» пешниҳоди хонандагони сомона мегардад.

Ин ҳафта сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ноҳияҳои Балҷувон ва Ховалинги вилояти Хатлон  ( 6-7  август) сурат гирифт, дар сархати рӯзномаҳои  даврӣ қарор дошт.

Шумораи навбатии Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» (07.08.2029,№151)  дар 8 саҳифа нашр гардида,  дар онҳо  асосан хабару гузориш ва  аксҳои  ҷолиб аз ҷараёни  ин  сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияҳои зикршуда ба нашр расидаанд. Аз ҷумла, дар саҳифаи 4-и шумораи мазкур  суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо сокинони деҳоти Сари Хосор таҳти сарлавҳаи «Сари Хосор ёдгории нодири табиат аст» чоп шудааст. Дар ин суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла чунин иброз намудааст: «Мавзеи Сари Хосор ва махсусан Шаршараи он ёдгории нодири табиат ва макони басо мусоид барои меҳмонону сайёҳон мебошад. Табиати зебову дилфиреби Сари Хосор, ҳавои тозаву чашмаҳои мусаффо, кӯҳҳои сарбафалаккашида, меваҳои шаҳдбор ва гиёҳҳои шифобахши он диққати ҳар як сокини кишварро ба худ ҷалб мекунанд ва чунин мавзеъҳо на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми дунё ангуштшумор мебошанд».

Дар нашрияи парлумонии мамлакат «Садои мардум»  (№96 аз 08.08.2019) суханронии Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо сокинони ноҳияи Балҷувон,  ки 6 август доир гардид,  таҳти сарлавҳаи «Соли равон дар Балҷувон ба истифода додани 120 иншоот ба нақша гирифта шудааст»  ба чоп расидааст. Дар суханронӣ Пешвои миллат ба роҳбарони  вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, Саридораи геология, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Балҷувон  супориш доданд, ки ҷиҳати анҷом додани корҳои омӯзиши геологиву иктишофӣ, ба тавозуни давлат гирифтан ва мавриди истифода қарор додани сарватҳои зеризаминии ноҳия, аз ҷумла, сурбу руҳ дар мавзеъҳои Сурбиён ва Санги Сабз, нефт дар деҳаи Гулдара, зуҳуроти тиллои пошхӯрдаи деҳаи Муллоконӣ, зуҳуроти гилхоки қитъаҳои Ҷанубӣ ва Шимолии Гулдара, обҳои минералӣ ва табобатӣ чораҷӯйӣ намоянд.

«Мувофиқи маълумот, ҳиссаи коркарди нефту газ дар маҷмӯи умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳия назаррас буда, соли гузашта истеҳсоли нефт ба 1600 тонна ва аз аввали сол то имрӯз ба 800 тонна расонида шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2018 зиёд мебошад. Ҳамчунин соли ҷорӣ дар корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 7,5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 21 фоиз зиёд мебошад»,- афзуданд Сарвари давлат дар идомаи суханронӣ.

Дар шумораи навбатии Нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета» (07.08.2019,№33) гузориши муфассал аз ҷараёни сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат ва вилояти Хатлон, ифтитоҳи иншооти маишӣ ва корхонаҳои хурди истеҳсолӣ чоп шуда, оид ба ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ва идомаи сохтмони иншооти гуногун дар шаҳри Кўлоб хабару мақолаҳо пешниҳоди хонандагон шудаанд. Ҳамчунин   дар шумораи мазкур мақолаи таҳлилӣ таҳти сарлавҳаи «Туризми тиббӣ дар Тоҷикистон: мушкилот ва дурнамо»  ба нашр расидааст. Муаллифи мақола бо овардани мисолҳо аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, ки барои тараққӣ ёфтани бахши сайёҳии тиббӣ шароит фароҳам оварданд, изҳори назар кардааст, ки Тоҷикистон бо табиати зебо, гиёҳҳои шифобахш ва боду ҳавои мусоид беҳтарин макони истироҳатӣ-таботатӣ мебошад. Дар саҳифаҳои дигари нашрия хабару гузоришҳо аз ҷараёни нишастҳои матуботии вазорату кумитаҳо ва идораву муассисаҳо бо овардани дастовардҳои назарраси меҳнатӣ дар давраи ҳисоботӣ нашр шудаанд.

Нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» 07.08.2019,№ 32)  дар баробари хабару гузоришҳо аз ҳаёти ҳизбӣ, инчунин аз нишастҳои матбуотӣ хабару гузоришҳоро таҳти сарлавҳаҳои  зерин чоп намудааст: «Вазири саноат: ба Озарбойҷон об мефиристем», «Тоҷикистон дарахтони то 700-сола дорад», «Амонатбонк: қарзҳои ипотекиро ба роҳ монданист», «Наздики 100 тонна дорувории пастсифат нобуд карда шуд»,  «Донишкадаи соҳибкорӣ тағйири ном мекунад», «ВНМО дар байни кӯдакон кам шудааст», «Барқи тоҷик»: боло бурдани нарх натиҷаи санҷиши аудитӣ аст», «Занон на террорист, балки ҷабрдидаанд», «Аюбҷон Солеҳзода: 80 миллион сомонӣ ба буҷет ворид нагардид», «Нархҳои гарон ва бурҷи бемонанди назоратӣ»  ва    ғайраҳо.

Дар ҳамин шумораи рӯзномаи «Минбари халқ» мақолаи корманди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрмаҳмад Ниёзӣ таҳти сарлавҳаи «Хурофот омили заъфи миллист»  ба нашр расидааст. Муаллиф дар ин мақола, аз ҷумла нигоштааст: «Хурофоту таассуб ба ғайр аз заъфу нобудӣ ва ба ҳошия рондани кишварҳо ва ба абарқудратҳо вобаста кардани онҳо, гузашта аз ин ташаннуҷи вазъи иҷтимоӣ ва хараҷу мараҷу ҷангу ҳамдигаркушӣ паёмади дигаре нахоҳад дошт»

Нашрияи КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе «Мароми пойтахт» чун дигар рӯзномаҳои даврӣ  шумораи навбатиро ( №29 (570) аз 07.08.2019)   бо инъикоси сафари кории Президенти  мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат ва ноҳияҳои Балҷувону Ховалинги вилояти Хатлон  оғоз намудааст.

Қарори раиси шаҳри Душанбе дар бораи ташкил ва баргузории ярмаркаҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ дар пойтахт дар бахши шаҳрдорӣ ва семинару вохӯриҳои намояндагони КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бо сокинони пойтахт аз мавзӯъҳои дигари  шумораи навбатии «Мароми пойтахт» ба ҳисоб мераванд.

«Гармии ҳаво то кай идома мекунад?»,- дар  саҳифаҳои дигари рӯзномаи мазкур зери ҳамин сарлавҳа маводи  таҳлилии  хабарнигори нашрия  пешниҳоди хонандагон  гардидааст. Дар саҳифаи 7 –уми  рӯзнома бахшида ба 25-солагии таъсиси ҲХДТ ва  перомуни фаъолияти ин  ҳизб маводи ҷолиби  Саидҷон Ҳалимзода ба нашр расидааст.

Хонандагони рӯзнома дар саҳифаҳои минбаъдаи рӯзнома дигар хабару гузориш ва мақолаҳои таҳлилиро мутолиа карда метавонанд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Август 9, 2019 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ масоили ҳамкории илмию таҳлилиро баррасӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Аз 1 апрел кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ фаро гирифта мешаванд
Дар ноҳияи Айнӣ сеюмин ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ баргузор шуд
НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ МУЖДАИ НЕКИ БАҲОРИ ХУРРАМ. Дар Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳи хоса таҷлил шуд
Тоҷикистон терроризму ифротгароиро қотеона маҳкум менамояд
24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гулкарам масунияти инсонро боло мебардорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли ғизои солим беҳтарин роҳи ҳифзи солимии шахс мебошад
Кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷашни Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд