СОЛИ ХОНИШ ФАРО МЕРАСАД. Дар Душанбе ярмаркаҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ ба роҳ монда хоҳанд шуд

Август 5, 2019 12:25

ДУШАНБЕ, 05.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз пагоҳ, 6-ум то 31-уми  август дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ  ба роҳ монда мешаванд.  Аз ҷумла, ярмаркаҳои мазкур дар  назди ҶДММ «Истиқлол» (бозори «Меҳргон»)-и  ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ҶДММ «Ховарон», кӯчаи Валаматзода 8,  ноҳияи Шоҳмансур, ҶДММ «Корвон», «Корвон плюс», Маркази савдои «Корвоншаҳр», таваққуфгоҳи назди марказҳои савдои «Ганҷина», «Панҷшер», мағозаи махсусгардонидашудаи ҶДММ «ИИ Нассоҷии тоҷик»- и ноҳияи Фирдавсӣ ва Маркази савдои «Сафо»-и ноҳияи Сино  ба мизоҷон хизмат мерасонанд.  Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ярмаркаҳои фурӯши лавозимоти мактабӣ бо дарназардошти фаро расидани соли хониши 2019 – 2020 ва  бо мақсади дастрасии аҳолӣ ба либосҳои  мактабӣ ташкил  мегарданд.

Раиси шаҳри Душанбе масъулини соҳаро вазифадор намудааст, ки дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои дахлдор иштироки фаъолонаи соҳибкорон ва истеҳсолкунандагони ватаниро дар ярмаркаҳои мазкур таъмин намуда, сифати маҳсулоти воридшударо назорат намоянд.

Бояд зикр кард, ки масъалаи таъмини  хонандагон бо либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ яке аз  масъалаҳои муҳим маҳсуб шуда,  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт  пайваста тадбирҳои судманд меандешад.

Ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда,  масъулин ва роҳбарони  корхонаҳои  дӯзандагиро  вазифадор карданд,  ки истеҳсоли либосҳои мактабиро дар ҷумҳурӣ  афзоиш дода, ба ин восита ҷойҳои нави корӣ таъсис ва  ҳамзамон хонандагони мамлакатро  бо либосҳои хушсифати арзон таъмин намоянд.

Чанд сол пеш,  вақте ки Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи либосҳои  мактабиро  барои  хонандагони  макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ  муқаррар кард ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки он дар дохили мамлакат истеҳсол карда шавад,  ин иқдом  дар шабакаҳои  иҷтимоӣ  сару садоҳои зиёд ба вуҷуд овард. Баъзеҳо  андеша доштанд, ки  корхонаҳои дӯзандагии мо  қудрати  қонеъ гардонидани талаботи мардумро бо либоси босифати мактабӣ надоранд.

Дар ҳақиқат корхонаҳои  дӯзандагӣ дар аввали кор дар ин самт мушкилии зиёд доштанд. Бо  дастгирии бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мушкилӣ   ҳалли  худро ёфт. Инак, чанд сол мешавад, ки аксари хонандагони мамлакат либосҳои истеҳсоли корхонаҳои дӯзандагии ватаниро ба бар карда, волидайни онҳо аз сифати он розӣ мебошанд.

Аз ҷумла, Иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик», ки  яке аз корхонаҳои калонтарини  дӯзандагии  пойтахт маҳсуб мешавад,  барои таъмини  хонандагони шаҳр бо либосҳои мактабӣ  вазифадор гардидааст.

Тавре  аз мушоҳидаҳо  дар мағозаи махсусгардонидашудаи назди Иттиҳодия  бармеояд, алҳол  хонандагону волидайни онҳо   ба ин  макон бо  майли зиёд  омада, аз сифати хуби либосҳои  истеҳсолнамудаи ин коргоҳ  изҳори қаноатмандӣ мекунанд. Он хонандагоне, ки андозаи худро пайдо намекунанд, метавонанд бевосита дар коргоҳи дӯзандагӣ тибқи  дархосташон либоси мактабӣ фармоиш диҳанд.

Тибқи иттилои  масъулин,  роҳбарияти корхонаи мазкур  мунтазам барои навсозии технологияи коркарди нахи пахта ва истеҳсоли матоъҳои хушсифати ба рақобат тобовар саъю кӯшиш менамояд. Ҳадафи асосии ҳайати кормандони техникии корхона вобаста ба талаботи бозор афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти пахтагин, такмил додани истеҳсолот ва беҳтар намудани сифати маҳсулот мебошад.

Онҳо барои омӯхтани таҷрибаи пешқадами давлатҳои ҷаҳон ба корхона беҳтарин тарроҳон ва технологҳоро аз давлатҳои Германия, Туркия, Чин ва дигар давлатҳои ИДМ даъват намуданд. Ин мутахассисон бо дӯзандаҳои корхона   машғулиятҳои омӯзишӣ гузаронида, ба онҳо  тарзи дӯхтани либосҳои мактабиро омӯхтанд.

Ёдовар мешавем, ки  ин корхонаи дӯзандагӣ   дар заминаи ҶДММ «Иттиҳодияи истеҳсолии Нассоҷии тоҷик»  соли 2015 бо иштироки  Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.  Маблағгузории умумӣ барои бунёди корхона 500 ҳазор доллари америкоиро ташкил дода, дар он 350 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт. Дар  корхонаи мазкур  инчунин  барои калонсолон либосҳо бо тарҳи замонавии мардона ва занона дӯхта мешаванд. Таҷҳизоти корхонаро соҳибкорони маҳаллӣ аз кишварҳои пешрафтаи олам, аз қабили Германия, Чехия, Чин, Туркия ва Корея  ворид кардаанд.

Дар аксҳо: мағозаи махсусгардонидашудаи назди ИИ Нассоҷии тоҷик (соли 2018)

    Рухсораи НУР,
   АМИТ «Ховар»

Август 5, 2019 12:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои Душанбе озмунҳои «Беҳтарин ҳамсар» ва «Фарзанд – боғи падару модар» гузаронида шуданд
Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе дар пойтахт намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ оғоз гардид
Доир ба муқовимат ба коррупсия чун кафили рушди соҳаи маориф конференсия баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар Душанбе Марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
Дар шаҳри Душанбе 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ ботантана ҷашн гирифта мешавад
Соли 2025 ба шаҳри Душанбе беш аз 450 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Ба шаҳри Душанбе зиёда аз 11 ҳазор электромобил ворид карда шудааст
Соли 2025 дар шаҳри Душанбе 16 муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ҳудуди шаҳри Душанбе сохтмони 7 эстакадаи нав оғоз меёбад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Сино сохтмон ва навсозии 279 иншоот ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корхонаҳои саноатии ноҳияи Фирдавсӣ ба маблағи зиёда аз 882 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар мусобиқаҳо соҳиби 1620 медал шуданд