Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30-и шаҳри Ваҳдат
02.08.2019, шаҳри Ваҳдат
Ҳамдиёрони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳанӯз ду сол қабл дар шаҳри Ваҳдат ҷашни бистумин солгарди Ваҳдати миллӣ ботантана таҷлил гардида, ба ин муносибат чандин биноҳои нав, иншооту корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои таълимиву варзишгоҳи замонавӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ ба истифода супорида шудаанд.
Тавре ки мушоҳида мешавад, раванди ободонии ин шаҳри зебоманзар ва деҳоти он торафт вусъат гирифта истодааст.
Яъне бо мақсади рушди бемайлони соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва истиқболи сазовори 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат мисли дигар шаҳру ноҳияҳои ватани маҳбубамон, нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ босуръат амалӣ гардида истодааст, ки дар ду — се соли наздиктарин барои боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат хоҳад кард.
Имрӯз дар шафати варзишгоҳи марказии шаҳр маросими ифтитоҳи Нишони давлатӣ баргузор шуд, ки боиси хеле зебо шудани маҷмааи зикршуда гардид ва бешубҳа, ба болоравии ҳисси ватандӯстиву ифтихори миллии сокинон мусоидат хоҳад кард.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба мардум бинои зебову замонавии Маркази адлия бо толори ақди никоҳ ва роҳи азнавсозишудаи мошингард то ҳудуди мактаби навбунёди деҳаи Меҳробод ифтитоҳ гардид.
Ҳамчунин, дар доираи сафари имрӯзаи мо боз чандин иншооти навбунёди дигар, яъне натиҷаи заҳмати содиқонаи соҳибкорон ва мардуми шаҳри Ваҳдат, аз ҷумла маркази дилхушии кӯдакону наврасон бо нуқтаҳои хизматрасониву савдо, ки дар он барои 500 нафар ҷойи корӣ муҳайё шудааст, ба истифода супорида мешаванд.
Муассисаи таълимии рақами 30, ки ҳоло мо ифтитоҳ кардем, аз ҷумлаи иқдомоти созандаи фарзандони диёр буда, барои 1280 нафар хонанда бо беҳтарин шароити таълиму тарбия аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ бунёд шудааст.
Ба муносибати мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани боз як муассисаи муҷаҳҳазу муосир ҳамаи шуморо самимона табрик гуфта, ба соҳибкори ҳимматбаланд Шамсулло Саъдуллоев барои чунин иқдоми ватандӯстона изҳори сипос менамоям.
Ҳоло бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ аз ҳисоби соҳибкорон ва худи аҳолӣ дар деҳаҳои Чорбоғ, Фариштӣ бунёди биноҳои нав идома дошта, вақтҳои наздик омода ва ба истифода супорида мешаванд.
Рӯзҳои наздиктарин дар маҳаллаи 14-уми шаҳр аз ҳисоби Ширкати “ТВЕА”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин сохтмони боз як муассисаи таълимӣ бо 1200 ҷойи нишаст оғоз мегардад ва то оғози соли таҳсили оянда ба истифода дода мешавад.
Қобили зикр аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Ваҳдат 104 бинои муассисаи таълимӣ бо 20 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи умумии беш аз 75 миллион сомонӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.
Танҳо соли 2018 дар деҳаҳои гуногуни шаҳр, дар маҷмӯъ, 56 синфхонаҳои иловагӣ барои қариб 3000 нафар хонанда аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ ба маблағи умумии 11 миллион сомонӣ сохта, ба истифода супорида шудаанд.
Тибқи маълумот то имрӯз дар шаҳри Ваҳдат аз 600 иншооти ба нақша гирифташуда 150 иншооту биноҳо мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Вобаста ба ин, роҳбарони шаҳр ва дигар сохтору мақомоти дахлдор вазифадоранд, ки ҳамкориро бо соҳибкорону шахсони саховатпеша ва аҳолӣ боз ҳам бештар тақвият бахшида, ҷиҳати сари вақт ва бо сифати баланд ба охир расонидани сохтмони иншооти боқимонда тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ тайи се соли охир дар шаҳри Ваҳдат беш аз 30 корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ бунёд гардида, имрӯз шумораи умумии онҳо ба 67 расидааст.
Дар коргоҳу корхонаҳои навбунёд ва дигар иншооти шаҳр беш аз 13 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст, ки 8 ҳазори он ҷойи кори доимӣ мебошад.
Дар натиҷа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш ёфта, танҳо дар нимсолаи аввали соли 2019 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта чор баробар зиёд шудааст.
Зарур аст, ки чунин суръат минбаъд низ таъмин карда шавад. Чунки бо иқтидори пурра фаъолият намудани корхонаҳои мавҷуда ва бунёди корхонаҳои нав имкон медиҳад, ки шаҳри Ваҳдат ба яке аз минтақаҳои асосии саноативу аграрии кишвар табдил дода шавад. Илова бар ин, таъкид менамоям, ки дар шаҳр имконияту захираҳои истифоданашуда ҳанӯз хеле зиёданд.
Бинобар ин, ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, соҳибкорон ва тавассути ҷалби ҳарчи бештари сармояи дохиливу хориҷӣ ҷиҳати дар заминаи ашёи хоми маҳаллӣ ба фаъолият даровардани иқтидорҳои мавҷуда, таъсис додани корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти тайёри саноатӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки иҷрои Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Ваҳдат барои солҳои 2016-2020 дар сатҳи қаноатбахш қарор дорад.
Барномаи зикршуда, ки аз 193 лоиҳа ба маблағи умумии қариб 1,1 миллиард сомонӣ иборат аст, дар давоми се сол аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба андозаи 792 миллион сомонӣ корҳои бунёду барқарорсозӣ ба сомон расонида шудаанд, яъне беш аз 72 фоизи иҷрои нақшаи сесола таъмин гардидааст.
Соли 2018 дар шаҳри Ваҳдат ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 736 миллион сомонӣ ва дар нимсолаи аввали соли 2019 ба 186 миллион сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.
Дар инкишофи соҳаи кишоварзӣ ва афзоиши даромади хоҷагиҳо бахши растанипарварӣ нақши муҳим дорад ва аз ин сабаб дар шаҳр ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соли 2018 беш аз 409 миллион сомониро ташкил додааст.
Соли 2018 ҳаҷми маҳсулоти чорводорӣ беш аз 326 миллион сомониро ташкил додааст, ки дар муқоиса ба соли 2017 қариб 10 фоиз зиёд мебошад.
Дар робита ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдатро зарур аст, ки ҷиҳати бо маҳсулоти озуқавории босифат боз ҳам беҳтар таъмин кардани аҳолӣ ва дар ин замина афзоиш додани ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.
Зеро дар шаҳр барои қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ, боз ҳам афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ба содирот баровардани он имкониятҳои васеъ мавҷуданд.
Азхудкунии заминҳои бекорхобида ва бо роҳи таъмиру барқарорсозии шабакаҳои обёрӣ беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, истифодаи самараноки заминҳои мавҷуда ва бо оби полезӣ таъмин намудани зироатҳо аз ҷумлаи корҳои муҳимтарини роҳбарону мутахассисон дар ин самт мебошад.
Кишоварзони шаҳри Ваҳдат дар бахшҳои боғдориву сабзавоткорӣ таҷрибаи зиёд доранд. Лекин рушди ин бахшҳо ҳанӯз ҳам қонеъкунанда нест.
Иқлими мусоиди ин мавзеъ имконият медиҳад, ки майдони боғҳоро дар талу теппаҳо ва заминҳои лалмӣ зиёд намуда, парвариши навъҳои серҳосили дарахтон ба роҳ монда шавад ва талаботи бозори дохилӣ ба меваи тару тоза таъмин карда, содирот низ афзоиш пайдо намояд.
Бо истифода аз ширкати фаъолон ва намояндагони мардум, инчунин, соҳибкорони шаҳри Ваҳдат мехоҳам як масъалаи муҳимро хотирнишон намоям.
Ба истиқболи арзандаи ҷашни мубораку муқаддаси миллиамон – сисолагии истиқлолият дар қаламрави кишвар бунёду азнавсозии беш аз 22 ҳазор иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Ва ин шумора дар ду соли оянда шояд як — якуним баробар зиёд шавад.
Бояд гуфт, ки зиёда аз 80 фоизи онҳо бо ташаббус ва маблағгузории соҳибкорону тоҷирон ва аҳолии шаҳру ноҳияҳои мамлакат бунёд карда мешаванд. Дар шаҳри Ваҳдат низ соҳибкорони бонангу номус ва шахсони ҳимматбаланду саховатманд зиёданд.
Онҳо метавонанд бо ташкили коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, хусусан, доир ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, дар мавзеъҳои хушбоду ҳаво ва истифодаи ҳарчи бештари обҳои шифобахш бунёд намудани инфрасохтори сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ, рушди сайёҳии табобативу экологӣ, парвариши меваҳои содиротӣ, сабзавот ва моҳипарварӣ барои ҳамдиёрони худ ҷойҳои нави кор таъсис диҳанд, то ки онҳо камтар ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд.
Мувофиқи маълумоти оморӣ дар шаҳри Ваҳдат соли 2017 чор корхонаи парандапарварӣ фаъолият дошта, 2,4 миллион дона тухм ва 472 тонна гӯшти паранда истеҳсол шуда буд.
Соли 2019 шумораи корхонаҳо ба 11 расида, дар нимсолаи якум истеҳсоли тухм ба 31 миллион дона ва гӯшти паранда ба 651 тонна расонида шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2018 истеҳсоли тухм қариб 8 миллион дона ва гӯшти паранда 328 тонна зиёд шудааст.
Ин нишондиҳандаҳо, дар баробари ин, ки пешравии назаррас ва саҳми соҳибкорон дар ҳифзи амнияти озуқавории кишвар мебошанд, инчунин, роҳи беҳтарини таъсиси ҷойҳои корӣ барои сокинони маҳаллӣ ба ҳисоб мераванд. Вале ин дастовардҳо дар муқоиса бо имкониятҳои зиёде, ки шаҳри Ваҳдат дорад, ҳоло ҳам кофӣ нестанд.
Ҳукумати мамлакат воридоти тамоми намудҳои хуроки чорво, паранда ва моҳиро аз андоз ва боҷҳои гумрукӣ озод кард, то ки ин соҳаҳои афзалиятнок боз ҳам тараққӣ намоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Авзои ҷаҳони муосир ба ҳамаи шумо маълум аст. Рақобатҳои шадиди геосиёсиву иқтисодӣ, мухолифатҳои мазҳабӣ ва кӯшишҳои кишварҳои абарқудрат барои таҳти назорат гирифтани минтақаҳои алоҳида аз ҳар як фарди ватандӯсту худогоҳ тақозо менамояд, ки ҷиҳати мустаҳкаму поянда нигоҳ доштани нишонаҳои асосии давлатдории миллӣ, яъне истиқлолу озодӣ, ваҳдату ягонагии миллат, якпорчагии давлат ва арзишҳои таърихиву фарҳангии халқи худ ҳамеша саъю талош варзад ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода бошад.
Мо, хусусан, бояд ба масъалаи таълиму тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ диҳем ва онҳоро тавре ба камол расонем, ки боиси ифтихори падару модарони хеш гарданд, эҳтироми калонсолонро ба ҷо оранд, соҳибихтисос шаванд ва ба Ватани аҷдодии хеш содиқона хизмат намоянд.
Агар мо имрӯз, яъне дар марҳалаи коҳиш ёфтани арзишҳои ахлоқӣ ба масъалаи таълиму тарбия таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир накунем, фардо дер мешавад ва чунин муносибат нисбат ба сарнавишти насли наврас дар оянда боиси мушкилоти ҳам оила ва ҳам ҷомеа мегардад.
Бинобар ин, падару модарони арҷманд, омӯзгорон, аҳли зиё ва умуман, бузургсолонро зарур аст, ки фарзандонро дар рӯҳияи шукргузорӣ аз давлатдории миллӣ, фазои орому осудаи кишвар ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ тарбия намоянд.
Ба фарзандони худ, яъне ҷавонону наврасон фаҳмонанд, ки пойбанди фарҳангу ғояҳои бегона нагарданд, ба созмону гурӯҳҳои ифротиву тундгаро пайваста, ҳаёти хешро зери хатар нагузоранд, оилаву наздиконашонро шармсор насозанд ва ба номи неки давлату миллат иснод наоранд.
Ба аҳли маориф, устодону омӯзгорон ва падару модарони муҳтарам муроҷиат карда, онҳоро бори дигар даъват менамоям, ки ба масъалаи баланд бардоштани сифати таълим, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунар, эҳтироми падару модар ва калонсолон тарбия кардани фарзандон ҷиддӣ муносибат кунанд.
Бо истифода аз фурсати муносиб, таъкид кардани боз як масъалаи муҳимро лозим мешуморам.
Баъди чанд рӯз иди саиди Қурбон фаро мерасад, ки яке аз суннатҳои мубораки мардуми мусулмони мо мебошад.
Ин ид, тавре ки аз ном ва таърихи пайдоиши он бармеояд, суннати адои намози ид, инчунин, қурбонӣ кардану ба ҷо овардани фаризаҳои ҳаҷ танҳо барои онҳое, ки қудрату тавоноии моддӣ, яъне дасти дароз доранд ва соҳиби рӯзгори серу пур мебошанд, ба шумор меравад.
Ба ибораи дигар, фақат онҳое метавонанд ба ҳаҷ раванд ё қурбонӣ кунанд, ки дар зиндагии худ ҳеҷ мушкилӣ надоранд, аҳли хонадон ва фарзандонашон аз ҳар лиҳоз таъмин мебошанд.
Шахси қурбоникунанда гӯшти чорвои қурбоникардаашро барои оилаи худ, хешу табори камбизоат ва дигар шахсони муҳтоҷ сарф мекунад. Ин масъала дар ояти 36 сураи Ҳаҷҷи Қуръони маҷид таъкид шудааст.
Дигар ин, ки ба аёдати падару модар ва калонсолон, оилаҳои азодор ва зиёрати манзилгоҳи гузаштагон рафтану дуо кардан низ аз таомулҳои иди Қурбон шуморида мешаванд.
Лекин хароҷоти зиёд кардану дастурхони пурдабдаба оростан, яъне роҳ додан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва ба тӯй табдил додани ин иди сирф динӣ бо суннату таомулҳои он ягон робита надорад ва ғайр аз намоишкорӣ чизи дигаре нест. Чунин расму одат ё таомул дар ягон кишвари исломӣ дида намешавад.
Баръакс, дар ин айём ва рӯзҳои дигар кумак кардан ба ятимону маъюбон, беморону ранҷурон, шахсони муҳтоҷу камбизоат ва анҷом додани ягон кору амали хайр ба манфиати омма савоби зиёд дорад.
Бовар дорам, ки сокинони шарафманду заҳматпешаи шаҳри Ваҳдат бо шукрона аз давлати соҳибистиқлол ва муҳити ороми кишварамон дар ҷодаи ба камол расонидани фарзандони ватандӯсту худшинос, соҳиби касбу ихтисосҳои муосир ва насли созандаву ободкор беш аз ҳар вақти дигар талош меварзанд.
Онҳо, ҳамчунин, минбаъд низ сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои пешрафту ободии ноҳия ва Тоҷикистони азизамон саҳми ватандӯстонаи худро мегузоранд.
Бори дигар ба хурду бузурги ноҳия дар иҷрои мақсаду мароми созанда ва амалӣ гардидани нияту нақшаҳои некашон барору комёбӣ орзумандам.
Ҳамеша саодатманду сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!