ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 август, душанбе, 231-юмин рӯзи соли 2019 аст

Август 19, 2019 08:00

19 августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб 200 нафар кормандони соҳаҳои фарҳанг, адабиёт ва иттилоотро ба истиқболи 20–умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз гардониданд.

***

8 cол пеш, 19 августи соли 2011 ба Сарвари давлат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон нахустин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон эътимоднома супориданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013  дар мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо муовини вақти Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ Гян Чандра Ачария  асосан масоили ҳамкорӣ дар соҳаи обу энергетика ва нақлиёту коммуникатсия баррасӣ гардиданд.

19 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рӯзи байналмилалии суратгирон.

***

Рӯзи умумиҷаҳонии кумаки башардӯстона.

***

Рӯзи байналхалқии ҷонварони кӯчагард.

***

Дар Афғонистон – Рӯзи истиқлолият.

РӮЙДОДҲО:

 19 августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе Президенти  мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Шӯрои ҷаҳонии об Бенедитто Брага аз ҳамкории бисёрсолаи созанда ва пурсамари Тоҷикистон ва Шӯрои ҷаҳонии об изҳори қаноатмандӣ карданд.

***

19 августи соли 1973 дар Юнон монархия расман бекор карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1980 дар фурудгоҳи Ар-Риёз (Арабистони Саудӣ) ҳавопаймо оташ гирифтааст, ки дар натиҷа 301 нафар ба ҳалокат расиданд.

***

19 августи соли 1992  Молдова ҳолати фавқулодаро, ки ним сол давом карда буд, бекор кард.

***

19 августи соли 2004  ширкати «Google» тахфифҳои худро ба бозор баровард.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1848 рӯзномаи «The New York Herald» аввалин хабарро дар бораи пайдо шудани тилло дар Калифорния нашр намуд.

***

Соли 1922 дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин шумораи маҷаллаи «Милитсия» нашр шуд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад

Август 19, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, чоршанбе, 360-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст