Тоҷикистон ҳамкориро дар самти сайёҳӣ бо кишварҳои минтақа густариш медиҳад

Август 2, 2019 08:18

ДУШАНБЕ, 02.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар бахши сайёҳӣ, ҷустуҷӯи роҳҳои нави тавсеаи робитаҳо ва ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ зимни мулоқоти раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода бо сафири навтаъини Ҷумҳурии Исломии Эрон дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ иттилоъ доданд, Нуъмон Абдуғаффорзода имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон,  таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди сайёҳӣ, фароҳам овардани имтиёзҳо, тадриҷан беҳ гардидани инфросохтори сайёҳӣ, густариш ёфтани робитаҳои байналмилалии сайёҳӣ ва омодагии ҳамкории бештар дар ин самт бо дигар кишварҳо, инчунин дигар махсусиятҳои сайёҳиро шарҳ дода, густариши ҳамкории ҳарду кишварро дар самти сайёҳиву гардишгарӣ муфид арзёбӣ намуд.

Дар навбати худ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки имкониятҳои зиёди ҳамкорӣ мавҷуданд ва омодагии худро барои густариши робитаҳои зич дар соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла мубодилаи таҷиба ва сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ баён намуд.

Дар интиҳо ҷонибҳо мусоидати худро барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла байни ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ изҳор намуданд.

 

Август 2, 2019 08:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард