ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар хиёбони Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе гулгаштҳои нав бунёд мешаванд
ДУШАНБЕ, 18.09.2019./АМИТ «Ховар»/. Навсозӣ ва бунёди 6 адад гулгашт дар хиёбони Неъмат Қарабоеви ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (аз буриши хиёбонҳои С.Шерозӣ — Н. Қарабоев то буриши кӯчаи А.Ҷомӣ) бо маром идома дорад. Ин гулгаштҳо тибқи Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 ноябри соли 2018 «Оид ба ободонӣ ва хуррамгардонии ҳудуди шаҳри Душанбе» дар масоҳати 6,06 гектар аз ҷониби вазорату идораҳои ҷумҳурӣ бунёд мегарданд.
Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини раиси ноҳияи Фирдавсӣ Ҷамшед Ватанзода иттилоъ дод, корҳои навсозӣ ва сабзазоркунии гулгашти якум дар мавзеи роҳи давродаврии ин хиёбон (назди Сирки давлатӣ) аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расидаанд.
«Гулгашти дуюм (саршавии хиёбони Н.Қарабоев то буриши кӯчаи Мушфиқӣ) аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар арафаи ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шуд.
Гулгашти мазкур аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз» омода гардида, дар он унсурҳои миллӣ ва хусусиятҳои хоси табиати Тоҷикистон ба инобат гирифта шудаанд.
Масоҳати гулгашти зикршуда 8200 м2 буда,, аз он 152 метри квадратиро роҳраву гузаргоҳҳо ва 7850м2 — ро сабзазор ташкил медиҳад. Дар мавзеи мазкур 180 адад арча ва 10 ҳазор арчаи навъи «туяки шарқӣ» шинонида шудаанд.
Ҳамчунин дар ҳудуди гулгашт муҷассамаи ҳайвоноти нодиру дар ҷаҳон машҳури табиати мамлакат ва навиштаву овезаҳои тарғибкунандаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон насб гардидаанд, ки таваҷҷуҳи роҳгузаронро ба худ ҷалб месозанд», — илова кард номбурда.
Дар идомаи суҳбат Ҷ. Ватанзода гуфт, ки қубурҳои обгузарро барои обёрии ин мавзеъ Корхонаи воҳиди сохтмони ноҳияи Фирдавсӣ ба анҷом расонидааст.
Мавриди зикр аст, ки чароғҳои рангаи светодиодӣ ва дигар намуди онҳо, ки дар гузаргоҳҳои хиёбони мазкур насб шудаанд, на танҳо роҳи роҳгузаронро равшан месозанд, балки бо шуълапардозии нурҳои рангоранги худ ба ин мавзеъ шабонгоҳон ҳусни дигар мебахшанд.
Сохтмони гулгашти сеюмро дар хиёбони мазкур, аз буриши кӯчаи Мушфиқӣ то буриши кӯчаи Шестопавлов КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ба уҳда дошта, корҳои ободонӣ ва навсозӣ дар ин мавзеъ идома доранд.
Бунёди гулгашти 4-умро дар хиёбони зикршуда, аз кӯчаи Шестопавлов то буриши кӯчаи Абай (назди бозори «Султони Кабир») Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад.
Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҷумҳурӣ дар бунёди гулгашти 5 –уми ин хиёбон, аз кӯчаи Абай то буриши кӯчаи А.Деҳотӣ (назди Маркази савдою хизматрасонии «Содот») саҳм мегузорад.
Гулгашти 6-уми ин хиёбонро, аз буриши кӯчаи А.Деҳотӣ то А.Ҷомӣ дар масоҳати 1,53 га Муассисаи давлатии «Маркази идоракунии Лоиҳаи таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ва тағйирёбии иқлим» ба анҷом мерасонад.
Бояд зикр кард, ки зимни навсозӣ ва бунёди гулгаштҳои хиёбони Неъмат Қарабоеви пойтахт шинонидани дарахтони ороишӣ, гулҳои бисёрсолаю мавсимӣ ва чароғонкунии ин мавзеъҳо дар назар дошта шудааст.
Дар ин робита хотирнишон менамоем, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 10 сентябри соли равон нақшаи чорабиниҳо оид ба шинонидани ниҳоли дарахту буттаҳо, гулҳои мавсимию бисёрсола дар давраи тирамоҳи соли 2019 ва баҳори соли 2020 тасдиқ гардид. Дар қарори мазкур омадааст, ки корхона, ташкилоту муассиса ва дигар субъектҳои хоҷагидории дар шаҳри Душанбе фаъолиятдошта, новобаста аз шакли моликияту тобеияти идоравӣ дар атрофи бинои худ бо риояи талаботи агротехникӣ, тавсияи мутахассисони соҳа шинонидани ниҳоли дарахту буттаҳо, гулҳои мавсимӣ ва бисёрсоларо дар давраҳои зикршуда ба роҳ монанд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»





















Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд






