ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар хиёбони Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе гулгаштҳои нав бунёд мешаванд

Сентябрь 18, 2019 16:18

ДУШАНБЕ, 18.09.2019./АМИТ «Ховар»/. Навсозӣ  ва бунёди 6 адад гулгашт дар  хиёбони Неъмат Қарабоеви ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе  (аз буриши  хиёбонҳои С.Шерозӣ  —  Н. Қарабоев то буриши кӯчаи  А.Ҷомӣ)  бо маром идома дорад. Ин гулгаштҳо тибқи Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 ноябри соли 2018  «Оид ба ободонӣ  ва  хуррамгардонии  ҳудуди шаҳри Душанбе» дар масоҳати 6,06 гектар  аз ҷониби вазорату идораҳои ҷумҳурӣ   бунёд мегарданд.

Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини раиси ноҳияи Фирдавсӣ Ҷамшед Ватанзода иттилоъ дод, корҳои навсозӣ ва сабзазоркунии   гулгашти якум дар  мавзеи роҳи давродаврии   ин хиёбон  (назди Сирки давлатӣ)  аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расидаанд.

«Гулгашти  дуюм (саршавии хиёбони Н.Қарабоев  то буриши кӯчаи Мушфиқӣ)   аз ҷониби   Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бунёд гардида,  дар арафаи ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мавриди истифода қарор дода шуд.

Гулгашти мазкур аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ  ва  лоиҳакашии  «Душанбешаҳрсоз»  омода гардида, дар он унсурҳои миллӣ ва хусусиятҳои хоси табиати Тоҷикистон ба инобат гирифта шудаанд.

Масоҳати гулгашти зикршуда   8200 м2 буда,, аз он  152 метри квадратиро   роҳраву гузаргоҳҳо ва   7850м2 — ро сабзазор ташкил медиҳад. Дар мавзеи мазкур  180 адад арча  ва 10 ҳазор  арчаи навъи «туяки шарқӣ» шинонида шудаанд.

Ҳамчунин дар ҳудуди гулгашт  муҷассамаи ҳайвоноти нодиру дар ҷаҳон машҳури табиати  мамлакат ва навиштаву овезаҳои  тарғибкунандаи  ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон насб гардидаанд, ки  таваҷҷуҳи  роҳгузаронро ба худ ҷалб месозанд», — илова кард номбурда.

Дар идомаи суҳбат Ҷ. Ватанзода гуфт, ки қубурҳои обгузарро барои  обёрии  ин  мавзеъ  Корхонаи воҳиди сохтмони ноҳияи Фирдавсӣ ба анҷом расонидааст.

Мавриди зикр аст, ки чароғҳои рангаи светодиодӣ ва дигар намуди онҳо, ки дар гузаргоҳҳои хиёбони мазкур насб шудаанд, на танҳо роҳи роҳгузаронро равшан месозанд, балки бо шуълапардозии нурҳои рангоранги худ ба ин мавзеъ шабонгоҳон ҳусни дигар мебахшанд.

Сохтмони гулгашти сеюмро дар хиёбони мазкур, аз буриши кӯчаи Мушфиқӣ то буриши кӯчаи Шестопавлов   КВД «Тоҷикаэронавигатсия»  ба уҳда дошта, корҳои ободонӣ ва навсозӣ дар ин мавзеъ идома доранд.

Бунёди гулгашти 4-умро  дар хиёбони зикршуда, аз кӯчаи Шестопавлов  то буриши кӯчаи Абай (назди бозори «Султони Кабир»)   Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад.

Кумитаи  давлатии идораи замин ва  геодезии ҷумҳурӣ дар бунёди гулгашти 5 –уми ин хиёбон, аз кӯчаи Абай то буриши кӯчаи А.Деҳотӣ (назди Маркази савдою хизматрасонии «Содот»)  саҳм мегузорад.

Гулгашти 6-уми ин хиёбонро, аз буриши  кӯчаи  А.Деҳотӣ то А.Ҷомӣ  дар масоҳати 1,53 га Муассисаи давлатии «Маркази идоракунии Лоиҳаи  таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ва тағйирёбии иқлим»  ба анҷом мерасонад.

Бояд зикр кард, ки зимни навсозӣ ва бунёди гулгаштҳои хиёбони Неъмат Қарабоеви пойтахт шинонидани дарахтони ороишӣ, гулҳои бисёрсолаю мавсимӣ ва чароғонкунии ин мавзеъҳо дар назар дошта шудааст.

Дар ин робита хотирнишон менамоем, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 10 сентябри соли равон нақшаи чорабиниҳо  оид ба шинонидани ниҳоли  дарахту буттаҳо,  гулҳои мавсимию бисёрсола дар давраи тирамоҳи соли 2019 ва баҳори соли 2020  тасдиқ  гардид. Дар қарори мазкур омадааст, ки  корхона, ташкилоту муассиса ва дигар субъектҳои хоҷагидории дар шаҳри Душанбе фаъолиятдошта, новобаста аз шакли моликияту тобеияти идоравӣ дар  атрофи бинои   худ бо риояи талаботи агротехникӣ, тавсияи мутахассисони соҳа шинонидани ниҳоли дарахту  буттаҳо,  гулҳои мавсимӣ ва  бисёрсоларо дар давраҳои зикршуда ба роҳ монанд.

 Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 18, 2019 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе нуқтаҳои партовҷамъкунӣ навсозӣ мешаванд
Аз 26 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 1303 синфхона бунёд мешавад
Дар деҳаи Муъминободи шаҳри Ҳисор сохтмони бинои иловагии мактаб оғоз ёфт
Илму маориф дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии давлати ҳуқуқбунёд ҷойгоҳи хосса дорад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 2762 биною иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Гулистон осоишгоҳи замонавӣ бунёд мегардад
Рустами Эмомалӣ сокинони шаҳри Душанберо ба муносибати Рӯзи пойтахт табрик намуданд
Ғолибон ва ҷоизадорони Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе муайян шуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд