ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Ҳисор Боғи зимистона бунёд гардид
ДУШАНБЕ, 06.09.2019/АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор боғи зимистона, ки дар он гулу буттаҳо ва дарахтони гуногуни ороишию мевадиҳанда шинонида шудаанд, бунёд гардид. Боғи мазкур дорои тарабхона ва маҷмаи фарҳангию фароғатӣ мебошад. Боғи зимистона бо иқдоми яке аз соҳибкорони муваффақи шаҳри Ҳисор Абдураззоқ Саидов бунёд гардида, дар арафаи ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони ин шаҳри бостонӣ ҳадяи хубест. Бо бунёди боғи зимистона беш аз 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд.
Бунёди боғи зимистона дар ҳолест, ки бинобар иттилои раиси Ҷамоати деҳоти Ҳисор Изатулло Бобоев, ба ифтихори ҷашни 30-
солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат, аз ҷумла дар шаҳри Ҳисор корҳои бунёдкорӣ босуръат идома доранд.
Ҳоло Ҷамоати деҳоти шаҳри Ҳисор ба ҷабҳаи бузурги созандагӣ табдил гардида, дар он зиёда аз шаст иншооти нав бунёд ва мавриди истифода қарор дода мешаванд. Бархе аз иншооти ба шарафи ҷашни бузурги давлатӣ бунёдшаванда аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Зафар Олимов ва Икром Баҳодуров мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Инҳо- ду корхонаи паррандапарварӣ барои парвариши 60 ҳазор мурғ дар деҳаи Ҳуснобод, нуқтаи фурӯши масолеҳи сохтмонӣ, коргоҳи дӯзандагӣ, мағоза ва сартарошхона дар деҳаи Гулханӣ, Маркази саломатӣ, мағоза ва чойхона, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, таъмир ва шустушӯи нақлиёт дар деҳаи Ҳаёти Нав ва мағозаи фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал мебошанд.
Инчунин бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ муассисаи томактабӣ барои 250 нафар кӯдак то ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки Ҷамоати деҳоти Ҳисор, ки соли 1932 таъсис дода шудааст, дорои 25 деҳа ва 38 ҳазор аҳолӣ буда, сокинони он асосан ба тиҷорат ва кишоварзӣ –обчакорӣ ва боғдорӣ машғуланд.
Дар ҷамоати деҳот се хоҷагии ҷамъиятӣ ва беш аз 180 хоҷагии фермерӣ фаъолият дошта, самти фаъолияташон ба парвариши сабзавот ва пахта нигаронида шудааст. Соли равон дар Ҷамоати деҳоти Ҳисор деҳқонону кишоварзон дар 700 гектар пунбадона кишт намуда, ният доранд аз он ҳосили фаровон рӯёнанд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»















Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






