ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Ҳисор Боғи зимистона бунёд гардид

Сентябрь 6, 2019 11:34

ДУШАНБЕ, 06.09.2019/АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор боғи зимистона, ки дар он гулу буттаҳо  ва дарахтони гуногуни ороишию мевадиҳанда шинонида шудаанд, бунёд гардид. Боғи мазкур дорои тарабхона ва  маҷмаи фарҳангию фароғатӣ мебошад. Боғи зимистона бо иқдоми яке аз соҳибкорони муваффақи шаҳри Ҳисор  Абдураззоқ Саидов бунёд гардида, дар арафаи ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони ин шаҳри бостонӣ ҳадяи хубест.  Бо бунёди боғи зимистона беш аз 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд.

Бунёди  боғи зимистона дар ҳолест, ки  бинобар иттилои раиси Ҷамоати деҳоти Ҳисор Изатулло Бобоев, ба ифтихори ҷашни 30-

солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат, аз ҷумла дар шаҳри Ҳисор корҳои бунёдкорӣ босуръат идома доранд.

Ҳоло Ҷамоати деҳоти  шаҳри Ҳисор ба ҷабҳаи бузурги созандагӣ табдил гардида, дар он зиёда аз шаст иншооти нав бунёд ва мавриди истифода қарор дода мешаванд.  Бархе аз иншооти ба шарафи ҷашни бузурги давлатӣ бунёдшаванда аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Зафар Олимов  ва  Икром Баҳодуров мавриди баҳрабардорӣ  қарор гирифтанд. Инҳо- ду корхонаи  паррандапарварӣ барои парвариши 60 ҳазор мурғ дар деҳаи Ҳуснобод, нуқтаи фурӯши  масолеҳи сохтмонӣ, коргоҳи дӯзандагӣ, мағоза ва сартарошхона дар деҳаи Гулханӣ,  Маркази саломатӣ, мағоза ва чойхона, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, таъмир ва шустушӯи  нақлиёт дар деҳаи Ҳаёти Нав ва мағозаи фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал мебошанд.

Инчунин бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ   муассисаи томактабӣ  барои  250 нафар  кӯдак  то ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода  мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки Ҷамоати деҳоти Ҳисор, ки соли 1932 таъсис дода шудааст, дорои   25 деҳа ва 38 ҳазор аҳолӣ буда, сокинони он асосан ба тиҷорат ва кишоварзӣ –обчакорӣ ва боғдорӣ машғуланд.

Дар ҷамоати деҳот   се хоҷагии ҷамъиятӣ ва  беш аз 180 хоҷагии фермерӣ фаъолият дошта, самти фаъолияташон ба парвариши сабзавот ва пахта нигаронида шудааст. Соли равон дар Ҷамоати деҳоти Ҳисор  деҳқонону кишоварзон  дар 700 гектар пунбадона кишт намуда, ният доранд  аз он ҳосили фаровон  рӯёнанд.

                                                   Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 6, 2019 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Словения дар соҳаи иқтисод густариш меёбад
Дар Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ намояндагони беш аз 54 давлат иштирок менамоянд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд дар самти ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисод баррасӣ шуд
Дар хоҷагиҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ беш аз 7 ҳазор килограмм пиллаи хушсифат истеҳсол карда мешавад
Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «Bishkek International Tourism Fair 2026» иштирок намуданд
Раванди татбиқи лоиҳаҳои Бонки Осиёии рушд дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони якчанд иншооти нави мақомоти корҳои дохилӣ санги асос гузоштанд
Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи 59-уми Шурои мудирони Бонки Осиёии рушд иштирок намуд
Дар доираи Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ кадом чорабиниҳо баргузор мешаванд?
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нишасти Шурои ҳамоҳангсози шарикони рушд оид ба рақамикунонӣ баргузор гардид
Дар Ҷамоати шаҳраки Шарора корхонаҳои истеҳсоли хишт ва семент ба истифода дода мешаванд