Ҳайати Тоҷикистонро дар Иҷлосияи 74-уми Маҷмаи Умумии СММ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода роҳбарӣ мекунад

Сентябрь 24, 2019 08:47

ДУШАНБЕ, 24.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дирўз дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар ҳошияи Иҷлосияи 74-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамоиш таҳти унвони «Фарогирии ҷаҳонии тандурустӣ» ва  Саммити иқлим баргузор гадид. Ҳамоиши  «Фарогирии ҷаҳонии тандурустӣ» ва  Саммити иқлим намояндагони беш аз 190 кишвари дунёро ба ҳам овард.

Дар Иҷлосияи 74-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар мулоқоту музокирот ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода роҳбарӣ мекунад.

Дар баробари намояндагони дигар кишварҳои ҷаҳон ва созмону ташкилотҳои байналмилалӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҳамоишу саммити мазкур баромад намуда, аз ташаббусҳои сатҳи минтақавию ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳифзи солимии ҷомеа ва иқлим, аз ҷумла об ва ҳифзи муҳити зист ёдовар гардид.

Гуфта шуд, ки дар доираи сиёсати муваффақонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди чоруми Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазирифта шуд, ки ин Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мебошад.

Сентябрь 24, 2019 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд