Ҷаласаи 34-уми Шӯрои ҳамкории фарҳангии кишварҳои узви ИДМ анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 20.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Иштирокчиёни ҷаласаи 34-уми Шӯрои ҳамкории фарҳангии кишварҳои узви ИДМ 19 сентябр аз Боғи ангури шаҳри Турсунзода ва Қалъаи шаҳри Ҳисор дидан намуданд.
Меҳмононро зимни сафар Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ҳамроҳӣ намуд.
Иштирокдорони ҷаласаро раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодири Вализода, аҳли фарҳанг ва ҷавонони санъатдӯст бо шукӯҳу шаҳомати хоссаи миллӣ пешвоз гирифтанд. Онҳо ба меҳмонон барномаи ҷолиби ҳунарӣ бо иҷрои оҳанг ва сурудҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, озарӣ, қазоқӣ, қирғизӣ, русӣ, беларусӣ, арманӣ пешниҳод намудаанд.
Сипас меҳмонон аз Боғи ангур дидан намуда, аз ин зебоию тамъи нотакрор, хӯшаҳои навъҳои гуногуни ангур ва ҳосилхезии замини Тоҷикистон ба ҳайрат афтоданд.
«Мо имрӯз бо чашми худ дидем, ки меҳнати аз таҳти дил иҷро кардаи деҳқон чунин хӯшаҳои зебо ва бузург ба бор меоварад», — ба ваҷд омада, иброз намуд муовини аввали вазири фарҳанги Ҷумҳурии Беларус Наталя Карчевская.
Барномаи консертии хотирмон, ки аз ҷониби ҷавонони боистеъдод ва ҳунарпешаҳои шинохтаи шаҳри Турсунзода ташкил гардид, ба меҳмонон хеле писанд омад.
Хусусан рақси ду писарчаи хурдсол меҳмононро чунон мафтун сохт, ки Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Сайфуллоев ва муовини вазири фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон Нуркиса Дауешов соатҳои дастии швейтсарии худро ба раққосони хурдсол туҳфа карданд.
Аз ин барномаи фарҳангӣ иштирокчиёни ҷаласаи 34-уми Шӯрои ҳамкории фарҳангии кишварҳои узви ИДМ хушнуд гардида, ба ҳунару истеъдоди мардуми шаҳр ва меҳмоннавозию самимияти онҳо баҳои баланд доданд.
Дар ин рӯз меҳмонон ба тамошои Қалъаи Ҳисор рафта, бо ин мавзеи таърихии номдори Тоҷикистон шинос шуданд. Тамошои Қалъаи Ҳисор низ барои меҳмонон хеле хотирмон буд.
Иштирокчиёни ҷаласаи 34-уми Шӯрои ҳамкории фарҳангии кишварҳои узви ИДМ аз ташкили ҷаласа дар Китобхонаи миллӣ, омодагии баланди ҷониби Тоҷикистон барои баргузории ин ҷаласа, зебогии табиати нотакрори Тоҷикистон, хӯрокҳои лазизи миллии точикӣ ва меҳмоннавозии мардуми мо мафтун гардида, сафар ба Тоҷикистонро барояшон нотакрору фаромӯшнопазир номиданд.











Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд






