БА ТАВАҶҶУҲИ СОКИНОНИ ДУШАНБЕ: бинобар корҳои таъмирию сохтмонӣдар баъзе маҳаллаву шаҳракҳои пойтахт интиқоли оби нӯшокӣ ба муддати як шабонарӯз қатъ мегардад

Сентябрь 3, 2019 08:10

ДУШАНБЕ, 03.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе  аз 2 сентябри соли равон  бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирӣ интиқоли оби нӯшокӣ дар канали дериватсионии силсиланеругоҳи барқӣ-обии Варзоб,  аз сарбанди №2 то ҳавзи фишории НБО №3 ба муддати як шабонарӯз қатъ карда мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд. 

Тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе,  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Баракат 2013» вазифадор гардидааст, ки  корҳои таъмирии канали обпартои НБО-3-ро мутобиқи талаботи қоидаҳои сохтмонӣ ба роҳ монад.

Ҳамзамон дар маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дяков, Муассисаи давлатии «Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе», КВД «Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ», ҶДММ «Кохи Наврӯз» ва кӯчаи Варзишгарони ноҳияи Сино ва хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ, Ҳ.Шерозӣ, кӯчаҳои М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, С.Носир, Шотемур, Ф.Ниёзӣ, А.Командир, М.Холов, Л.Шералӣ, Ғ.Абдулло, Азизбеков, Ф.Шаҳобов, Л.Толстой, М.Миршакар, Пушкин ва Теҳрони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе  интиқоли оби нӯшокӣ  ба муддати як шабонарӯз, аз  соати 22:00 –и  3 сентябр  то соати 22:00- и 4  сентябри соли  равон  қатъ мегардад.

Раиси шаҳр ҳамчунин  раисони ноҳияҳои Исмоилӣ Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур ва Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе»-ро муваззаф намудааст, ки  дар давраи иҷрои корҳои таъмирӣ бо истифода аз мошинҳои обкашӣ сокинони минтақаҳои беобмондаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

Ба  Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе супориш дода шудааст, ки  дар ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ, таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботи санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз истиқоматкунандагони маҳаллаю кӯчаҳои зикргардида хоҳиш  менамояд, ки миқдори зарурии оби нӯшокиро  барои як шабонарӯз захира намоянд.

Сентябрь 3, 2019 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт