Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар назди муассисаҳои таълимии Бадахшон гармхонаҳо бунёд мекунад

Сентябрь 19, 2019 11:50

ХОРУҒ, 19.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Директори Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (БОҶ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алберто Коррея Мендес зимни сафар ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба вазъ ва тарзи таъмини толибилмони синфҳои ибтидоӣ  бо ғизои солим мароқ зоҳир кард.

Ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар», зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба беҳтар намудани ғизои солим дар  муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумлаи барои синфҳои ибтидоӣ таклифҳо пешниҳод намуданд.

Директори Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон изҳор дошт, ки ин созмон бо ду ҳазор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ дошт. Онҳо давоми чандин сол  ба хонандагони хурдсоли муассисаҳои таълимии вилояти Бадахшон, ки шумораашон аз 130 адад бештар буд, кумаки ғизоӣ расонданд. Ҳоло созмони мазкур мақсад дорад дар Тоҷикистон барномаи наве бо номи «Бунёди сабз» роҳандозӣ намояд. Бо шурӯъ шудани Барномаи «Бунёди сабз», ки аслан бо мушкилоти тағйирёбии иқлим ва мутобиқсозии батадриҷи  ҷомеа бо оқибатҳои он сару кор дорад, боз чанд нақшаи нав роҳандозӣ мешаванд.

Амалисозии ин лоиҳаҳо аз моҳи январи соли оянда оғоз ёфта, дар чаҳорчӯби он сохтмони гармхонаҳо дар назди муассисаҳои таълимӣ, усулҳои беҳтари хушк кардани мева, сохтмони анборхонаҳо барои озуқа ва ғайра дар назар дошта шудааст.

Яке аз дигар масъалаҳое, ки тайи чанд соли охир ҷомеаро нигарон кардааст, ин  қадпастӣ ва камвазнии кӯдакон мебошад. Мутахассисони соҳаи тиб баъди омӯзиш ба ин натиҷа расиданд, ки яке аз иллатҳои асосии ин омил норасоии ғизои солим ва аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад. Сол то сол ба бозори ҷаҳонӣ ғизоҳои сунъӣ бештар ворид мешаванд, ки ба рушди ҷисмонӣ ва зеҳнии кӯдакон халал ворид мекунанд. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон барои истеҳсоли озуқавории аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзӣ шароити мусоид дорад. Дар мамлакати мо дар назди  ҳар як муассисаи таълимӣ имкони ташкили полез барои парвариши сабзавоту зироат, бунёди боғу гармхона мавҷуд аст, фақат дар марҳилаи аввал онҳоро аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ кардан зарур меояд.

Намояндагони Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди мулоқот бо роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз чанд гармхонаи ҳудуди шаҳр дидан намуданд.

Ёдовар мешавем, ки татбиқи Барномаи ғизои мактабӣ аз ҷониби Барномаи ҷаҳонии озуқавории Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1999 оғоз гардида, то нимаи соли 2024 давом хоҳад кард.

Дар шашмоҳаи якуми соли 2019 Барномаи ғизои мактабӣ 52 ноҳияро фаро гирифта, шумораи умумии баҳрабарон 410 ҳазору 513 нафарро ташкил медиҳад.

Барномаи ғизои мактабии Барномаи ҷаҳонии озуқавории Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми муҳимтарини стратегияи Ҳукумати ҷумҳурӣ  оид ба паст гардидани сатҳи камбизоатӣ ва рушди маориф мебошад.

Сентябрь 19, 2019 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Истеҳсоли неруи барқ дар Бадахшон қариб 5 баробар афзоиш ёфтааст
Тоҷикистон ва WIPO ҳамкориро дар соҳаи рушди инноватсия тақвият медиҳанд
Хайринисо Идрисова: «Дастрасӣ ба маблағи гранти президентӣ имкон дод, ки фаъолияти ҳунармандиямро васеъ намоям»
Панҷакент — яке аз аввалин шаҳрҳои Тоҷикистон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз шаҳри аграрӣ ба саноативу аграрӣ табдил ёфт
Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид